Аҳлидин, майли ҷавонӣ мекунад дил, чора чист?
АҲЛИДДИН ҲИСОРӢ 15 апрели соли 1954 дар деҳаи Порбоғи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1972-1977 дар факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Баъдан корманди нашриёти давлатии «Ирфон» (1977-1978) ва Музейи таъриху кишаваршиносии ба номи Беҳзод (1978-1980) будааст. Солҳои 1978-1980 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1980-1989), Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон (1989-1998) ва Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (солҳо 1998-2008) фаъолият доштааст. Аз соли 2004 директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Солҳои 1984-1978 дар Афғонистон сафари хидматӣ дошта, вазифаи тарҷумониро ба ҷой овардааст.
Шеърҳояш аз охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Машъал», рӯзномаҳои «Педагоги ҷавон», «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», «Маориф ва маданият» маҷмӯаҳои дастҷамъии «Шукуфаҳои умедбахш», «Модарнома», «Даргоҳи падар», «Риштаборон», «Наврӯзнома» ва ғ. ба табъ расидаанд.
Муаллифи китобҳои «Ниёз» (1990), «Нӯшдору» (1995), «Шафақ» (1997), «Нафаси субҳ» (2004), «Вожаҳои ҷон» (2010), «Ватанам ифтихори ман аст» (2010) ва «Минои завқ» (2012) мебошад.
Мавзӯи ашъорашро асосан, меҳри миллату Ватан, зебоиҳои нотакрори табиати кишвар, ишқу муҳаббат ба зиндагӣ ташкил медиҳанд.
Дар таҳияи баъзе асарҳои Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Насириддини Тӯсӣ, Санойии Ғазнавӣ ва диг. саҳм гузоштааст.
Дастае аз офаридаҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Дорандаи медали «Хидмати шоиста» (2010).
Аз соли 1988 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Ин намунаҳо аз ашъори ӯянд
Чун сӯз бувад, паёми умрат, эй дӯст,
Фирӯз бувад тамоми умрат, эй дӯст.
Сарсабз ҳамеша чун баҳорон бошӣ,
Наврӯз бувад давоми умрат, эй дӯст!
*** *** ***
Анҷоми фирори дай муборак бодо,
Бо савти рубобу най муборак бодо.
Дар мулки баҳор базми хурсандии мост,
Наврӯзи хуҷастапай муборак бодо!
*** *** ***
Гӯӣ ҳама лолазору гул буд имрӯз,
Сар то қадамат нигору гул буд имрӯз.
Атри нафасат бӯи гулистон мекард,
Дар суҳбати мо баҳору гул буд имрӯз.
*** *** ***
Пироҳани сабзи дилкаше бар тани ту,
Сад дасти умед ҷониби домани ту.
Наврўзу баҳору дил ба рақс омадааст,
Мутриб бишавам ба хотири дидани ту.
*** *** ***
Ин ҷоҳу ҷалоли ту ду рӯз асту ду моҳ,
Чун даргузарад ту мониву рӯи сиёҳ.
Гар нек кунӣ, азизи мардум гардӣ,
Гар бад бикунӣ бимонадат ҳол табоҳ.
ЧОРА ЧИСТ?...
Навбаҳори ҳусноро беқарорам кардааст,
Гулбуни ҳусну ҷамолат дилфигорам кардааст.
Сардиву сармо гузашту барфҳо ҳам об шуд,
Ваъдаи дидор чандест интизорам кардааст.
Фасли гулхез аст охир, сайри боғам орзуст,
Ёди оғӯши гулафшонат хуморам кардааст.
Дашту саҳро меравад дил дар суроғат сӯ ба сӯ,
Ҷилваи ҳуснат бубин, Маҷнуни зорам кардааст.
Аҳлидин, майли ҷавонӣ мекунад дил, чора чист?
Навбаҳори ҳусноро беқарорам кардааст!
Начало формы
Дар Китобхонаи миллӣ аз Аҳлиддин Ҳисорӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Субҳи Наврўз : Шеър // Байрақи ленинизм. – 1973. – 21 март.
Ашъори ман бо ман бувад : Шеър // Қаротегини советӣ. – 1976. – 7 март.
Ҳалолат боғбонӣ: Шеър // Қаротегини советӣ. – 1976. – 22 май.
Узурхоҳӣ : шеър // Қаротегини советӣ. – 1977. – 27 август.
Китоб: Шеър // Қаротегини советӣ. – 1977. – 26 ноябр.
Дўст медорам : Шеър // Қаротегини советӣ. – 1978. – 18 феврал.
Дубайтиҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 8 июл.
Чунин дар деҳ месозем; Пирони зиндадил: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 9 август.
Пахтачиндухтар : Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 22 ноябр.
Таронаи сулҳ; Ин ҳама дар хоб буда; Гуфта будам; Дубайтиҳо ; Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 9 январ.
Ватан: Шеър // Газетаи муаллимон. – 1983. – 12 феврал.
Сад ҷаҳоне боз паймони ман аст; То ватан дорем ёрони туро; Мояи умед; Ман аз аҳде, ки кардам; Сеҳри пинҳон: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 30 ноябр.
Бо ватан пайвастаем: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 29 январ.
Сафои рўҳ медамӣ; Ғизол; Бигзашт; Раҳоӣ; Кошкӣ…; Забони модарии мо; Нуқтаҳои роз; Бо нафасҳои ту…; Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 7 январ.
Баҳори ноз: Шеър // Садои Шарқ. – 2017. – №3. – С. 49.
Тарҷумаҳо
Гума, А. Расме дар меҳмонхона: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи А. Ҳисориев // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 22 апрел.
Бриер, Ж. Ленин: Шеър / Аз русӣ тарҷумаи А. Ҳисорӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 22 апрел.
Кемоклидзе, Г. Тарбияи шахсият : Ҳаҷвия / Аз русӣ тарҷумаи А. Ҳисорӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 18 ноябр.
Лищенко, В. Мардҳои ҷанг оташхораанд : Шеър / Тарҷумаи А. Ҳисориев // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 8 феврал.
Юсуфбекова, Т. Чанор: Шеър / Тарҷумаи А. Ҳисорӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 8 март. Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ