Худоё, беватан мемирам охир...

  Искандари Хатлонӣ-шоири озодаи тоҷик нуздаҳ сол аст, ки миёни мо нест. Аммо дар ин 19 сол заррае аз маъруфияти вай кам нашуд, балки ҳамасола афзуд. Дар остонаи зодрӯзаш шоҳид будем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз пурбаҳстарин мавзуъ шинохти Искандари Хатлонӣ буд. Шоир, журналист ва адиби тоҷик дар синне, ки мебоист танҳо эҷод мекарду ҳаводорони назмро бо беҳтарин шеърҳо шод мекард, аз дасти қотилоне кушта шуд, ки  то кунун ношинохта нашудаанд. Ёдаш ба хайр!

  Искандари Хатлонӣ 12 октябри соли 1954 дар шаҳри Кўлоб зода шудааст. Дар Омўзишгоҳи сохтмони Душанбе, Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав; 1976-1981) таҳсил кардааст.

  Солҳои 1985-1988 тарҷумони мутахассисони шўравӣ дар Афғонистон, муддате ходими адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва корманди Радиои «Озодӣ» будааст.

  Ашъораш дар маҷмўаҳои «Парвоз» (1981), «Шукуфаҳо» (1986), «Садои пойи вожаҳо» (Кобул, 1988) ва ғайраҳо ба табъ расидаанд. Иддае аз шеърҳояш ба забони халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

  Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

  20 сентябри соли 2000 дар Маскав ба ҳалокат расид.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – 2014. – С. 257.

Ин шеъ аз ӯст, ки гӯиё марги бармаҳалашро медонист:

Худоё, беватан мемирам охир

Ва бе гӯру кафан мемирам охир.

Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,

Парешонҷону тан мемирам охир.

 

Ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин

Лагоми ёваро сар дода имрӯз

Даҳаншон кафф кунад аз доду фарёд,

Ба хилват лек хомӯшанду мармуз.

 

Ман аз пиндорашон огоҳам эй ёр,

Ман аз фарёдшон безорам, эй дӯст.

Ва ин бегонагони худнаморо

Ба гӯристон надидан низ некӯст.

 

Шигифт ояд маро з-ин ҳуққабозон

Ки дар пиндори худшон беназиранд.

Ба зоҳир подшоҳу хону султотн

Ба ботин лек ноаслу ҳақиранд.

 

Дар ин давлат, ки мо давлат надорем,

Ватан бозичаи дасти дигарҳост,

Ман он дардам, ки дармоне надорад,

Ман он мардам, ки бедор асту танҳост.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Искандари Хатлонӣ в адар бораи ӯ ин матолибро метавонед бихонед:

Ниёиш: Шеър // Илм ва ҳаёт. – 1989. – № 3. – С. 37.

Раҳнавард; Зинда баргаштам; Ниёише дар бегоҳ; Наёмад; Бо ман биё; Бадахшон; Сояи абри сафед; Боз ҳам уқёнус: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 18 май. – С. 7.

Ҳазор Хуросон: Шеър // Адаб. – 2000. – № 3. (дар муқоваи маҷалла).

«Ҷисмам берун аз Тоҷикистон аст…: Суҳбати вопасини шодравон И. Хатлониро мухбири «Чархи гардун» С. Асозода пешкаши хонандагон намудааст // Чархи гардун. – 2000. – № 39. – 29 сентябр.

Насими ситоразор: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2000. – № 37-38. – 20 октябр.

Ғурури ниёкон: Шеър (Ба хотираи рўзи таваллуди шоир 12-октябр (1954 с) / И. Хатлонӣ // Миллат. – 2015. – 14 октябр.

Дар бораи адиби маъруф

Ҷавоншер, Ф.М. Ба бало баланду ба гесў каманд; Ҳамосаи дод: Порча аз роман / Ҳозиркунандаи чоп Искандари Хатлонӣ // Газетаи муаллимон. – 1989. – 7 март.

Медал ба шоир: Тарҷумони тоҷик Искандари Хатлонӣ медали Барои меҳнати шуҷоатнок супурда шуд // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 29 апрел.

Мизроб, С. Искандари Хатлонӣ-бозгашт ба сўи қалбҳо ва хоки бобоӣ: Ёде аз журналист Искандари Хатлонӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2000. – 12 октябр.

Қодирӣ, А. Ёди шоир: Ёде аз хабарнигор ва шоири чирадасти тоҷик Искандари Хатлонӣ // Миллат. – 2007. – 18 октябр.

Идизода, А. Бо хуни ў шеър ба ҳар сў пареш хурд: Бо ёди Искандари Хатлонӣ ҷавонмарде дар шеър, ҷавонмарге дар зиндагӣ // Истиқлол. – 2009. – 22 октябр.

Асозода, С. Искандар дар Маскав ҳам хатлонӣ буд: Ёди ҷавонмарде дар шеъру ҷавонмарге дар зиндагӣ Искандари Хатлонӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2010. – 13 октябр.

Асозода, С., Нурзод, Н. Дар синааш ҳазор Хуросон нуҳуфта буд…: Нигоҳе ба шеър ва андешаи Искандари Хатлонӣ шоири ғўрамарг // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2011. – 12 октябр.

Аҳмадӣ, М. Ормонҳои рўъёии модар: Ёде аз журналисти шаҳид, Искандари Хатлонӣ // Бонувони Тоҷикистон. – 2012. – № 3. – С.15.

Мирзошоев, М. Достони Искандар: Порае аз асар (Искандари Хатлонӣ) // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2012. – 11 октябр.

Раҳмонов, А. Ошиқи диёри биҳиштосо: Ёде аз эҷодиёти шоир Искандари Хатлонӣ // Ҷумҳурият. – 2014. – 9 май.

Мирзошоев, М. Достони Искандар: Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти шоир Искандари Хатлонӣ // Чархи гардун. – 2015. – 3 июн.

Комронӣ, Ҷ. Дар синааш ҳазор Хуросон нуҳуфта буд: Суҳбати рўзноманигор Зулолаи Нур бо бародари шоири шинохта шодравон Искандари Хатлонӣ, Ҷамшеди Комронӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 3 ноябр.

Оқилпур, И. Сапеду ошкор ва хамўшу устувор…: Ёде аз шоири шаҳид ва ҷавонмарг Искандари Хатлонӣ // Баҳори Аҷам. – 2017. – 11 октябр.

Комронӣ, Ҷ. Тасвиргари беҳамто ё пайванд ба ниёгону фардо: Суҳбати М. Асозода бо бародари шоири шаҳир Искандари Хатлонӣ, Ҷамшеди Комронӣ оиди асрори эҷоду эъҷози шоири ҷавонмарг // Баҳори Аҷам. – 2017. – 11 октябр.

Ворис. Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст: Ёде аз шоири тавоно ва ҷавонмарги тоҷик Искандари Хатлонӣ // Садои мардум. – 2017. – 17 октябр.

Ализода, Ҳ. Ёдгоре аз ғурури ниёгон: Оиди ҳаёт ва фаъолияти шоир Искандари Хатлонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 7 декабр.

Зарифӣ, А. Хотираҳои Искандар: Дар суҳбати модари шоири зиндаёд Искандари Хатлонӣ // Бонувони Тоҷикистон. – 2018. – август. – С.28-29.

Таҳияи Насиба Дониёрова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ