75 соли Қиёмиддин Чақалов
Қиёмиддин Чақалов аз ҳунармандони варзидаи аҳли Файзобод аст. Бештар ҳаҷвнигорӣ мекунад. Нақшҳои мондагори ғайриҳаҷвӣ ҳам дорад, вале ӯро бештар чун ҳаҷвнигор мешиносанд. Ҳаҷваш ҳам баргирифта аз зиндагист ва худаш иқрор аст, ки ҳаҷваш ҷанбаи тарбиёвӣ дорад. Шеър ҳам менависад, сарояндагӣ ҳам мекунад, аммо дар басмҳои хусусӣ.
Чақалов Қиёмиддин 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998). Соли 1975 факултаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистонро ба итмом расонда, ба Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Лоҳутӣ роҳҳат гирифт. Бо устодони барҷастаи саҳнаи тоҷик Аслӣ Бурҳонов, Тўҳфа Фозилова, София Тўйбоева, Тўтӣ Ғаффорова, Маҳмуд Тоҳирӣ, Маҳмуд Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов ва дигарон кор кардан, аз сабақи ҳунару эҷоди онон баҳра бардоштан барои ҳунарпешаи ҷавон саодати беҳад буд.
Дар саҳнаи ин театр қариб шаст нақш бозидааст, ки аксарашон асосианд. Бо ваҷҳи табиатан шўху бозарофат буданаш аксаран дар нақшҳои мазҳақавӣ маҳораташ зуҳур мекард, гарчӣ симоҳои драмавию фоҷиавиро низ накў иҷро менамуд. Тамошогар тўли чил сол варо гоҳе оқилу доно, баъзан гўлу коно, дар вазъе фозилу мутафаккир, лаҳзаҳое айёру маккор, гоҳо солору ботамкин, мавриде беақлу бодӣ, замоне бузургу муқтадир, гоҳе беназиру гоҳе бериё, даврае хурофотпарасту ҳарису муфтхўр дидаанд, лек дар ҳама ҳолат нақшҳоро самимӣ бозидааст.
Вале берун аз саҳна ҳамеша марди соҳибдил, қавиирода, фурўтану хоксор, шарики дарду ғами миллат боқӣ мондааст. Ў дар телевизион ва кинои тоҷик беш аз сад образ офаридааст, ки нишона аз заҳмату ранҷ, шабзиндадорию ҷонфидоӣ, ҳудқурбонкунӣ дар роҳи шарафманди ҳунар аст. Маҳз ғайратнокӣ, заҳматписандӣ, истеъдоди баланд, садоқати беҳад ба касб номбурдаро ба кўҳи матлаб расонидаанд. Дар ҳама маврид бо тамоми вуҷуд ва эҳсос дар сиришти қаҳрамонаш зоҳир мегардад, аз ин рў ҳама офаридаҳояш табиию воқеъӣ мебароянд. Ў инчунин завқи хуби шеърхонию шеъргўӣ дорад, ба ашъори шуарои тоҷик бо зарофат нақиза мебандад, шеъргунаҳо эҷод кардаю дар маҳфилу ҷамъомадҳо манзури бинандагон мегардонад. Бо саъйу талошаш Театри халқии ноҳияи Файзобод ба боргоҳи баланди маърифат бадал гардид ва бо саҳнаю намоишномаҳои ҷолибаш дар саросари ҷумҳурӣ машҳур шудааст. Номрафта барҳақ, аз ҳунармандонест, ки аз кўҳи ҳунар лаълу аз баҳри бекарони санъат дурр ба даст овардааст.
Аз Қиёмиддин Чақалов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам бихонед:
Мухлис; Бехунар; Гўсфанди обӣ; Иншо; Киштӣ; Аломатӣ: Латифахо // СССР. – 2009. – 11 июн.
Латифаҳо // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 26 ноябр.
Шеърҳои Қиёмиддин Чақалов // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 4 феврал.
Ёфтаҳо; Бофтаҳо; Тофтаҳо: Латифаҳо // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 28 сентябр.
Дар бораш
Шарифзода, У. Саҳнаи офтоб: Шеър барои Қиёмиддин Чақалов, актёри Театри ба номи Лоҳутӣ // Газетаи муаллимон. – 1982. – 7 декабр.
Қудусов, Ч. Дар роҳи ҷустуҷў: Аз фаъолияти эҷодии актёри Театри давлатии академӣ- драммавии ба номи А.Лоҳутӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1982. – 12 март.
Шамсиддинова, М. Ханда пайки хушбахтист: Аз эъҷодиёти хунарманд шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов // Садои мардум. – 1999. – 15 май.
Файзалӣ, М. Туро базми ҳунар карнавал бод!: Шеър бахшида ба Ҷашни 60-солагии ҳунарманд, Қиёмиддин Чақалов // Садои мардум. – 2005. – 14 май.
Аҳмадзод, Ш. Хандаофарин: Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов // Садои мардум. – 2006. – 1 апрел.
Ҳаҷви ман ҷанбаи тарбиявӣ дорад: Мусоҳибаи Ш. Адҳамзод бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон К. Чақалов // Нури зиндагӣ. – 2008. – 18 сентябр.
Бузургии ту дар ҳамин аст, Қиёмиддин Чақал: Сўҳбати Ҷўрабеки Мўъмин бо актёри Театри давлатии академӣ- драммавии ба номи А. Лоҳутӣ Қиёмиддин Чақалов // Ҷавононои Тоҷикистон. – 2009. – 1 апрел.
Саду як табассуми ман....: Мусоҳибаи Ҳотами Ҳомид бо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов // Чархи гардун. – 2010. – 6 май.
Солеҳ, Ш. Қизикчӣ: Сухане чанд аз рўзгори Ҳунарманди Театр Қиёмиддин Чақалов // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 30 апрел.
Таҳияи Марзия Зардодхонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ