21-уми январи соли равон олими шинохтаи соҳаи кимиё, профессор Султон Собиров 85-сола мешуд. Аммо ёрону дӯстону шогирдонаш ин санаро бе ӯ таҷлил мекунанд.
Султон Собиров аз ҷумлаи олимони машҳури соҳаи кимиёст. Муаллифи бештар аз 100 асари илмӣ ва 10 шаҳодатномаи муаллифӣ. Соҳиби шогирдони бешумор ва даҳҳо тан таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадиву докторӣ навиштаанд.
Собиров Султон Собирович 21 январи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Омўзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (ҳозира шаҳри Хуҷанд) ва Институти химиявию фармацевтии шаҳри Ленинградро соли 1963 хатм кардааст.
Солҳои 1963-1967 аспирант, 1967-1969 ассистент, 1969-1970 дотсенти кафедраи биохимияи Донишкадаи тиббии РСС Тоҷикистон буд. Аз соли 1970 дар вазифаи мудири кафедраи химияи органикӣ ва физколлоидии ҳамин донишкада кор кардааст.
Султон Собиров муаллифи бештар аз 100 асари илмӣ ва 10 шаҳодатномаи муаллифӣ мебошад. Асарҳои Султон Собиров ба масъалаҳои ҳалли масъалаҳои синтези препаратҳои нави баландтаъсири фоидабахш-синтези спиртҳои якатома, дуатома ва сеатомаи қатори ацетиленӣ ва диацетиленӣ ва ҳосилаҳои онҳо бахшида шудаанд. Мавсуф зиёда аз 400 моддаи нав синтез кардааст, ки ҳоло бисёрии онҳо аз санҷишҳои фармакологӣ гузаштаанд. Дар байни онҳо моддаҳое ёфт шудаанд, ки дорои таъсири хобоварӣ, зиддирагкашӣ, гипотензӣ, спазмолитӣ ва ғайра мебошанд.
Доктори илмҳои кимиё (1975), профессор (1976).
Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва дипломи “Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гаштааст.
6 – ми октябри соли 1998 аз олам даргузаштааст.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи советии тоҷик”. – Душанбе. – 1987. – Ҷ. 7. – С. 81.
Дар Китобхонаи миллӣ ду матлабе дар бораи профессор Султон Собиров мавҷуд аст, ки метавонед бихонед:
70-сола шуд: Оид ба фаъолияти яке аз олимони машҳури соҳаи кимиёи тоҷик Собиров Султон Собирович // Паёми Сино . – 2003. – №1-2. – С. 127.
Ба факултети нав марҳамат!: Мусоҳибаи мухбир бо мудири кафедраи химиявии тиббӣ, доктори илми химия, профессор С. С. Собиров доир ба шуъбаи дорусозӣ // Комсомоли Тоҷикистон . – 1981. – 22 феврал.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ