Рӯ ба илм: Дозиметр
Нашр шуд 2020-12-04 13:58
Дозиметр, абзор барои андозагирии афканишоти ионзо ё бузургиҳои ба онҳо вобаста. Қисми асосии дозиметро детектори зарраҳо ё ҷиҳози андозагир ташкил медиҳад, ки ҷадвал (шкала)-и он дар воҳидҳои меъёр (доза)-ҳои фурўбурда ё эквивалент дараҷабандӣ шудааст. Аз рўи намуди детектор дозиметри иониш (бо камераи иониш, ҳисобгираки Гейгеру Мюллер) люминессентӣ (синтиллятсионӣ, ҳароратӣ ва фотолюминессентӣ) нимноқилӣ, аксбардорӣ (амале, ки ба сиёҳшавии навори аксбардорӣ асос ёфтааст) ва колориметрӣ (рангсанҷӣ)-ро фарқ мекунанд. Аз рўи усули истифода дозиметрҳо гурўҳӣ ва инфиродӣ мешаванд. Амали дозиметри гурўҳӣ ба истифодаи камераи иониш вобаста аст, масалан, дозиметрҳои коллективии ДКП-50А хеле маъмул мебошанд.
Барои дозиметри инфиродӣ ҳисобгирак (шуморишгар) - и Гейгеру Мюллер истифода мешавад. Дозиметреро, ки рентгенҳо барои андозагирии меъёрҳои афканишоти рентгенӣ ё y- нурҳо дараҷабандӣ шудааст, рентгенометр меноманд. Агар lозиметр бо бэрҳо барои муайян кардани меъёри эквивалент дараҷабандӣ гардида бошад, онро бюрометр меноманд.
Дозиметре, ки барои андозагирии фаъолнокӣ ё ғаноиш (консентратсия)-и маводди радиофаъол корбаст мегардад, радиометр ном дорад. Нишондиҳандаи дозиометр барои муайян намудани дараҷаи вазнинии осеби радиатсионии инсон дар минтақаи нурбориш имкон медиҳад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.6. – С. 64.
Муаллиф: Б. Гадоев.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.