Дар аввали солҳои навадуми асри бист ва ибтидои ҳазораи навини милодӣ ҷаҳонигардонӣ дар раванди сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзараи ҷадиде падид овард. Таҷрибаҳо, сабақҳо ва андўхтаҳои мактаби ҷаҳондорӣ, беш аз он зиндагӣ, тафаккур ва тамаддуни қавму милал ба масоил ва мушкилоте рў ба рў омад, ки таърихи ҷаҳон назирашро ёд надорад. Дар пасманзараи ин воқеъияти нави ҷаҳонӣ халқҳову давлатҳо ҷиҳати дарёфти роҳи саҳеҳи баровардани ормонҳои инсонӣ ва иҷтимоии худ муҷаддадан ба шахсиятҳои хориқулодае ниёзманд гардиданд, ки дар фитрат, вуҷуди маънавӣ ва истеъдоди кишвардории хеш саргузашт ва сарнавишти миллаташонро дар ҳадди камол фаро гирифта, матолибу манофеъи миллӣ ва хостаҳои мардумро бо таваҷҷўҳ ба мақоми таърихии эшон вусъат ва ҷойгоҳи ҷаҳонӣ бахшида тавонанд.
Ба роҳбарии мамлакат баргузида шудани Эмомалӣ Раҳмон афзун бар омодагии зеҳниву маънавии сиёсатмадор фармудаи таърих ҳам буд, ки дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон ҳуҷҷати асолаташро дарёфт ва тасдиқ намуд.
Замоне, ки намояндагони мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади Роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд, ў ҳамагӣ чил сол дошт ва дар миёни раҳбарони кишварҳои собиқ Шўравӣ ва ҷаҳон ҷавонтарин чеҳраи сиёсии тирози аввал буд. Бо вуҷуди ин ки дар сиёсати сатҳи олӣ таҷрибаи кофӣ наандўхта буд, дилу дидаи бедор, басирати дарунӣ ва ақли даррок дошт, ки ўро дар шинохти зиндагиву ормонҳои мардум, афкору ақоиди замон ва идроки ҳакимонаи он тавфиқ бахшид.
Дар нахустин суханронии худ дар маснади Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод ба дилу ният ва маслаки худ, бо эътимод ба хиради мардум савганд ёд кард, савганди садоқат ба Ватану миллат, савганд ба дирўзу имрўзу фардои тоҷикон, ки чароғашро афрўхта хоҳад дошт, бо ҷаҳондории муносиб ба ҷадди аълои миллати хеш ба сарманзили мақсуд ҳидоят хоҳад кард, заврақи умедро ба соҳили мурод хоҳад расонид.
Эътиборан аз ҳамон рўз тоҷикон бо ҳама саргузаштҳои дурахшони таърихӣ, бо ҳама дарду алам ва ормонҳояшон барои таҷдиди рўҳонияти миллӣ ва зиндагии босаодат дар шахсияти Роҳбари нави давлат ҳомӣ, соҳиб ва пуштибони қудратманди худро пайдо карданд, балки эътиборан аз ҳамон рўз Эмомалӣ Раҳмон, ки ин рисолатро чун амри виҷдон ва амри таърих ба ҷон пазируфт ва бо эътиқод бар ин ҳақиқат, ки фақат шахсияте бо пойгоҳу чашмандози таърихӣ ва ҷаҳонӣ ва вораста аз тааллуқоти нафсу ҳаво қодир аст посухгўи ниёзҳои миллати бостонии тамаддунофарин бошад, ба корномаҳои зиндагисоз оғоз ниҳод.
Ин фазоили хуҷҷастаи инсонӣ ва кишвардории Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти ҳадаф ва тарҳрезии барномаи амал ва ташхиси ҳадафҳои наздику дур бо таваҷҷўҳ ба омилҳои замониву таърихӣ бо камоли рўшанӣ ба зуҳур омад. Фаъолият ва корсозиҳои Президент давра ба давра дар пайвастагии мантиқиву амалӣ бо ҳамдигар ва бо ҳадафҳои бузурги миллӣ ба як низоми густарда ва нирўманди умури идорӣ мубаддал гардид, тамоми самтҳои назми давлатдорӣ ва назми зиндагии мардумро дар созгорӣ бо авзои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба масири пайкорҳои созанда ҳидоят намуд.
Ин аст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар чун пешвои ормонии миллӣ маҳбубияти азим пайдо кард ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ ба ҳайси пешвои воқеии тоҷикон ва ҳомии нангу номуси миллат эътибори бузурге ба даст овард.
Омўзиш ва таҳқиқи корномаҳои ҳаётбахш ва ояндасози Асосугзори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки оинаи зиндагӣ ва таърихи бисту панҷ солаи Тоҷикистон аст, дар китобҳои «Паӣвандгар», «Фархундапай», «Бунёдкор», «7- соли Эмомалӣ Раҳмон», «Маорифпарвар», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли Рўдакӣ», «Эмомалӣ Раҳмон оғози марҳилаи нав», «Эмомалӣ Раҳмон: соли маориф ва фарҳанги техникӣ», «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир», «Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳилаи созандагӣ», «Ваҳдатовар», Наҷотбахши миллат» ва ғайра инъикос гардидааст.
Валиев Ҷамил,
шуъбаи хизматрасони
библиографӣ