Дили ман чоркитоби ишқ аст

Андешаҳо перомуни таъсирпазирии Фарзона аз ашъори Мавлоно

Адабиёти оламшумули форсӣ- тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон бо исми зиёди шоирони номвари худ ифтихор мекунад. Вусъати иттилоот ва андеша, шиддати ҳаяҷонҳои руҳӣ, шӯриши эҳсосот, танавӯъи мазомину тасовир, дарки маърифати ҷаҳоншиносиву ҳастӣ ва шинохти дардҳои дарунии инсон аз ҷониби аксари шоирони номвари мо маҳбубияти адабиёти форсӣ- тоҷикиро рӯзафзун мезоанд, ки бешак, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ дар садри ин суханварон қарор дорад.

Мавлоно, ин орифи шӯрида ва суфии покманиш ба лутфи ашъори малакутияш ва андешаҳои баланди башарияш қарнҳост, ки дар қалби хонандагони шеъру ирфон зиндаву сармад боқӣ монда аст. Ҳамин андешаҳои малакутии ӯст, ки оташ бар «бешаи андешаҳо»-и шоирон гузошта аст.

Лозим ба зикр аст, ки таъсирпазирӣ аз осори Мавлоно замони зиндагии шоир оғоз гашта ва то ба имрӯз идома дорад. Ҳазорон мақола ва пажӯҳиш роҷеъ ба осори боарзиши ӯ аз тарафи муҳаққиқон ва ҳаводорни шеъру адаб нигошта шудааст, паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти ӯ мавриди омӯзишҳои мӯшикофона қарор гирифтааст. Сухани нав нест, ки вусъати маъруфияти Мавлоно аз Шарқ то Ғарб доман густурдааст.

Дар ин нигошта талош шудааст то роҷеъ ба таъсири афкор, таълимот ва осори Мавлоно бар ашъори Фарзона-шоири халқии Тоҷикистон чанд ҳарфе марқум бишавад.

Далоили истиқболи густурда аз ашъори Мавлоно аз ҷониби аҳли адаби ҷаҳон, қабл аз ҳама ҷаҳонӣ будани андешаҳои ӯст, зеро ӯ шомили афкори баланди исломист ва ин маҳдуда бидуни марзу замону ҷуғрофиёст. Ў бар масоили аслии инсонӣ такя мекунад, масоиле монанди ишқу имону адолату шарофату ҳуввият, ки ҳеч гох либоси кӯҳнагӣ намепӯшанд.

Ба бовари Онне Мори Шиммел аз мавлонопажӯҳони шинохтаи олмонӣ  “Дар тамоми осори манзуми форсӣ, ки дар ин даврон яъне дар қарни ХVII ва ХVIII падид омада, наметавон асареро ёфт, ки бе таъсир аз Маснавӣ ё Девони Кабир навишта шуда бошад ва мухимтарин он ки хатто дар адабиёти омиёнаи ин давра низ пажвоки тафаккуроти Мавлоно ба чашм мехурад.»(Сойти пажуҳишии «Офтоб»)

Фарзона аз зумраи шоирони сохибсабк ва муваффақи имрӯз аст, ки ба унвони як шоири навгаро пазирфута шудааст. Навпардозиҳояш дар боби мухталифи тасовир ва мазомин қобили қабул аст.

Метавон гуфт Фарзона аз осори гаронсанги Мавлоно таъсири бузургтаре гирифтааст, муҳаббат ва самимияти шоира ба Мавлоно хеле зиёд аст, ки ин нуктаро худи Фарзона низ эътироф дорад ва мегӯяд: «Мавлавии Балхй, ки ҳеч наметавонам бузургиашро муайян кунам. Ба пиндори ман ҳачми рӯхи як инсони нобиға ҳам ҳаргиз ба ин фарохй нест. Умуман, ман дар дунё шоиреро ба ин вусъат ва масоҳат надидаам…»

Дилшоди Фарҳодзод низ дар мақолае таҳти унвони «Баъзе нишонаҳои пайравй аз Мавлавй дар ашъори Фарзона» адешаҳои худро аз таъсирпазрии Фарзона қайд кардааст. Фарҳодзод қайд мекунад, ки «Таъсирпазирй аз ашъори гуворои Чалолуддини Балхии Румй гоҳо дар мазмун, гоҳо дар услуб ва тарзи баён ифода ёфтааст. Шоира ба дарёфти рӯҳи Мавлавй аз роҳи такопуи руҳонй расидааст. Нақши ин такопуи рўҳй дар паи пайдо кардани рози офариниш ва худй ҳануз дар ғазалҳои девони якуми шоир падидор аст».

Дар ҳақиқат вақте газалҳои Фарзонаро мутолиа мекунем, мушоҳида мекунем, ки дар миқдори зиёди ғазалҳояш оҳанг ва ва мусиқии ғазалҳои шӯрангези Мавлоно эҳсос мешавад. Ҳамзамон мушоҳида шуд, ки вожаҳои «шамс», «най», «дил», «нур», «Худо», «Дӯст» ки дар осори Мавлоно зиёд ба кор рафтаанд дар ғазалҳои Фарзона низ корбурди васеъ доранд. Фарзона ин калимаҳоро ба наҳве тоза ва зебо дар шеъраш истифода кардааст.

Муҳаққиқи тоҷик Дилшоди Фарҳодзод низ таъкид дорад, ки «Шоира (Фарзона. Ф.А) аз ҳар роҳе, ки ба эҷоди шеър ворид мешавад, онро одатан бо наҷотхоҳӣ, дарки худӣ ё даъват ба вораҳидан аз зулмат, муроҷиат ба ёри осмонӣ, ки аксар ба унвони дӯст, хуршед ва мухотабҳои таркибии гуногун меоянд, ба итмом мерасонад.»

Воқеан, баъзе аз мавзӯъҳо, тасвирҳо, ки дар ашъори Мавлоно маъмуланд дар ғазалиёти Фарзона низ иникос ёфтаанд, Мавлоно ишқро роҳу тариқати хеш медонад ва мегӯяд:

Ишқ аст тариқу роҳу пайғамбари мо,
Мо зодаи ишқу ишқ шуд модари мо.

Эй модари мо нуҳуфта дар чодари мо,
Пинҳон шуда аз табиати кофари мо

Фарзона низ аз ишқ ҳарф мезанад ва мегӯяд, ки ба хотири ҳамин ишқ аст, ки дилаш «рутбаи аршӣ» дорад. Зимнан бояд гуфт, ки баёни Фарзона муосир буда, рӯҳи замонро таҷассум мекунад ва шеваи баёни худро дорад. Агар ба адешаҳои Абдунабӣ Сатторзода такя кунем, аслан «ҳар суханвари тавоно ба майдони адабиёт қоидатан бо шахсияти адабии худ, бо инсони худ, бо мавзуъ ва мазмунҳои худ, бо сабку шеваи баёни худ, бо асбобу афзори ҳунарии худ ворид мешавад», ки ҳамин шахсияти адабии шоир дар баробари таъсирпазирии зебо аз Мавлоно осеб намебинад, Фарзона мегӯяд:

Дили ман чоркитоби ишқ аст,
Хоку бод, оташу оби ишқ аст.

Дили ман рутбаи аршӣ дорад,
Моҳу хуршеду саҳоби ишқ аст.

Мавлоно аз мо даъват мекунад, ки аз марзҳои ойину дин бигзарем ва худро шомили «мазҳаби ишқ» кунем.

Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост
Ошиқонро миллату мазхаб Худост.

Фарзона ҳам бо дилбастагии зиёд ва алоқаву иродате, ки ба Мавлоно дорад дар ҳамин ҳолу ҳаво андешахои ирфонияшро шакл додааст, ки хитобан ба мухотаб мегуяд;

Ишқро тафриқа магзор, ки бо кӯчаи ӯ,
Сӯи ҳақ муслиму тарсову шаман меояд.

Муҳақиқи эронӣ Муҳаммади Райҳонӣ бар ин назар аст ки «яке аз мушаххасаҳои шоирон ва нависандагони соҳибсабк ин аст, ки ба зехн ва забони мардум роҳ пайдо мекунанд» ва Мавлонову Фарзона низ аз шумори шоирони соҳибмактабанд, ки ба зеҳну забони мардум роҳ ёфтаанд.

Аксари урафои ислом аз ҷумла Мавлоно ишқи заминиро пуле ба сӯи ишқи илоҳӣ медонанд, аз нигоҳи ӯ таҷрибаи як ишқи заминии воқеъӣ руҳи одамиро омодаи ҷаҳишҳои баланди ишқварзӣ ба Худованд мекунад ва ишқҳои рангиву ҳавасро маззамат мекунад.

Ҳар ки ба ҷуз ошиқон моҳии бе об дон,
Мурдаву пажмурда аст гар чӣ бувад ӯ вазир.

Фарзона бо ишора ба ҳамин маъно ишқҳоеро, ки толиби ҳавасанд қабул намекунад ва роҳи расидан ба ҳазрати Дӯстро танҳо дар ишқ ба суи Ў мебинад:

Эй ки ком мехоҳӣ, пас наӣ, наӣ ошиқ.
Ишқ чист ошиқро ҷуз нишоти раббонӣ.

Пои фикри ман доим ботаҳорат аст, аммо
Мекунад ба сӯи ту рафтуои пинҳонӣ.

Мавлоно ҳам монанди Афлотун ишқро ба зебоӣ медонад. Ишқ бояд ба тамоми анвои зебоӣ дар ин чаҳон ҳассос бошад. Мавлоно мегӯяд дар мазҳаби ӯ нигаристан ба ин китобу он китоб барои шинохти Худо кори беҳуда аст, барои шинохти Худованд бояд ба зебоии Худованд нигарист:

Ошиқонро шуд мударрис ҳусни дӯст,

Дафтару дарсу сабкашон руи ӯст.

Фарзона низ мегӯяд:

Дар раҳи маҷозу асл ҷустуҷўи худ кардем,
Ҳар касе Худоро ёфт, оқибат ҳам Инсон шуд.

То расид пайки ту, эй зи ишқ зеботар,
Қалби субҳхоҳи ман боз субҳагардон шуд.

Сурдаҳои Фарзона монанди сурудаҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно ва дигар шоирони ориф забони ҳол ҳастанд.

Пайдост ки шеъри базъе аз шоирон ҳанӯз дар замони буданашон мемирад ва шеъри бархе аз эҳтиром ва арзиши воло бархурдоранд. Шеъри Фарзона монанди ашъори мондагори Мавлоно абадист ва дар сафҳаҳои таърих қарнҳои қарн хоҳад монд.

Мусаллам аст, ки шеъри ошиқона аз роиҷтарин гунаи шеър дар миёни сарояндагони шеър аст. Хонандагон низ шеърҳои лирикиро дӯст медоранд бо тароватҳо ва иброзҳо, розҳо ва зарофатҳо ва бо баёни сода ва самимияти хосаш. Аксари ғазалҳои дилнишини Мавлоно ҳамин гунаанд ва ин вижагиро Фарзона низ комилан дар ихтиёр дорад;

Эй мухотаби аслӣ, узр неҳ, ки мегуфтам,
Шеърҳои ишқиро номаҳои беунвон.

Ишқ, ишқи бигзашта дар дилам ҳамоно монд,
Доғи аз ҳама пайдо, дарди аз ҳама пинҳон.

Ба назари Нимо Юшич шоир касест, ки битавонад «як матлаби оддӣ» ба гӯши ҳама кас расидаро қавитар аз он андозаи қувват, ки ҳаст ба дигарон иблоғ кунад, агар натавонад масъалаеро собит ё рад кунад шоир нест».

Фарзона ҳам монанди Мавлоно ҳар он чизе, ки мегӯяд зебо ва шоирона аст;

Бар сардии ҳаво натавон ин гуноҳ баст,
Аз сардии муомилаҳо пир мешавем.

Моро, ки ҳаст робита бо ишқ, зиндаем,
Бо мурдани мубодилаҳо пир мешавем.

Медонем, ки табиат дар падид овардани андешаҳои шоирона ва орифона таъсири фаровон дорад, зеро ки шоир бо табиат ҳамхуӣ ва ҳӯии зиёде дорад ва бояд онро бишносад.Чунон ки авлиё ва паёмбарон кардаанд. Аз ин рӯ шоир бояд ҳамеша пазирои табиат ва мавҷудоте бошад, ки бо онҳо зиндагӣ мекунад.

Мавқеъпазирии ҷирмҳои осмониву наботот ва истифодаи онҳо дар осори Мавлоно бисёр назаррас мебошад. Мавлоно дар осори хеш аз мавчудияти чирмҳои осмонӣ, наботот ва кайҳон ба тафсил сухан мегуяд ва ин андешаро Салими Хатлонӣ ҳам дар таҳқиқи худ ёдрас шудааст.

Хин, машав навмед, нур, аз осмон,
Хақ чу хоҳад, мерасад дар як замон.

Сад асар дар конҳо аз ахтарон,
Мерасонад қудраташ дар ҳар замон.

Зоҳири он ахтарон қаввоми мо,
Ботини мо гашта қаввоми само.

Мушоҳида мекунем, ки Фарзона низ нисбат ба шоирони ҳамзамони хеш ба табиат ва наботот бештар тамоил дорад, пазирои табиат аст ва мавҷудоти табиатро дӯст медорад ва масъалаҳои марбут ба табиату наботро дар осораш ба касрат истифода мекунад;

Ҳанӯз равзанаи ман ба боғи гул боз аст,
Ҳанӯз шаршара бо шаршара ҳамовоз аст.

Шоир ҳамонест, ки зиштиҳо ва зебоиҳоро дар назарҳои мо беҳтар ва дурустар ҷилва диҳад. Шеър маҳсули алоқаҳо, муҳаббатҳо ва баёнгари ранҷҳои руҳӣ ва оромбахши фикри инсонҳост. Мусалламан шеър қудрате бояд дошта бошад, ки дили пирро ҷавон бикунад ва қалбҳои ноумедро умедвор ва чароғи умеду орзуро дар дилҳои инсон барафрӯзад. Фарзона низ аз сарзамини ишқу сулҳ бо ҳамин чароғи Мавлоно омадааст то башарро ба суи фардои рушан ҳидоят намояд;

Ман омадам, ки гӯям: Ишқ аст миллати ман,
Ишқ аст миллати ман, аслу ҷибиллати ман.

Чун номи ман ба номат дар осмон рақам шуд,
Бо туст сабз дар сабз милоду реҳлати ман.

Эй зишт бо ту зебо, эй дина бо ту фардо,
Танҳо ту метавонӣ ислоҳи иллати ман.

Чун ишқи Эзид омад, сад ишқи зид фурӯ рафт,
Иззат шуду шараф шуд хориву зиллати ман.

Эй ишқ, кӯҳнагиям чун бо навият омехт,
То растухез кардӣ тамдиди мӯҳлати ман.

Ба бовари Виктор Ҳюго «Ҳеч занҷир ва ҳеч тааҳҳуде пойи шоири комилро ба банд намекашад. Ў дар ақоид, афкор, аъмол ва викунишҳояш озод аст. Озод аст, ки бо коргарон дилсӯз ва меҳрубон бошад ва аз ситампешагон мутанафир, озод аст ба хидматгузорон ишқ варзад ва ба онон ки ранҷ мебаранд раҳму шафқат орад, озод аст, ки тасаллибахши бенавоён ва марҳаме бар захми дардмандон бошад, озод аст, ки дар муқобили тамоми афроди фидокоре, ки меситояд, зону занад».

Ин баҳоро метавон ба Мавлоно ва Фарзона дод, ки бешак, аз зумраи шоирони комиланд, ки ба дурусти побанди ҳеч гуна занчираҳо ва тааълуқоти замон нестанд. Фарзона руҳи латифу инсондустонае монанди Мавлоно дорад, ки пайваста тариқи шеъраш, паёми адлу инсоф, ишқу муҳаббатро ба гӯши инсонҳо мерасонад ва ба инсонҳо ба масобаи як инсони комил ишқ меварзад.

Фирдавси Аъзам
Аз муаллиф
: Ин матлаб бори аввал ба ифтихори 50- солагии шоираи халқии Тоҷикистон бону Фарзона навишта шуда буд.