Ҳуринисо Ализодаро бишносем
Нашр шуд 2016-10-05 10:03
Ҳуринисо Ализода аз ҷумлаи рўзноманигори ҷасур, чирадаст аст, ки дар мақолаҳояш мавзўъҳои мубрами рўзмарраю муҳимро ба лаҳни ширини тоҷикӣ ба хонандагон пешниҳод мекунаду масъалагузорӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилотро дарёфт менамояд.
Ализода Ҳуринисо Юсуфӣ 4 марти соли 1957 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро бо ихтисоси филолог ба итмом расонидааст. Баъди хатми донишгоҳ то соли 1986 ба сифати омўзгори забони адабиёти тоҷик дар мактаби №29-и ноҳияи Фархор кор мекунад.
Соли 1986 ба олами рўзноманигорӣ пайваста, дар рўзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» ҳамчун мухбир ба кор ҷалб мешавад. Аз соли 1988 дар ноҳияи Москва ба сифати диктори радиои ноҳиявӣ, муаллимаи забони форсии мактаби №54, мудири шуъбаи САХШ-и ҳамин ноҳия фаъолият дошт.
Солҳои 1991-1995 дар рўзномаи «Хақиқати Ховалинг» ба ҳайси мудири шуъбаи сиёсӣ кор кардааст. Аз моҳи декабри соли 1995 ба сифати мухбири ғайриштатии рўзномаи «Чумҳурият» фаъолият намуда, аз соли 1997 то моҳи майи соли 2006 дар рўзномаи «Садои мардум» мухбир ва баътар муҳаррири шуъбаи «Парламент ва ҳокимияти давлатӣ» буд.
Моҳи майи соли 2006 ба вазифаи муҳаррири шуъбаи таҳлил ва таҳқиқоти журналистии рўзномаи «Чумҳурият» даъват шуд. Аз моҳи сентябри соли 2006 бо фармони Президенти кашвар ба вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва аз моҳи октябри соли 2012 ба ҳайси муовини директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин мегардад.
Кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ Сабоҳат Иброҳимова ва Бибикубрия Қурбонова бахшида ба ифтихори 60- солагии рўзноманигори варзида, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳуринисо Ализода феҳристи адабиёт таҳия намуданд.
Феҳристи мазкур аз қисматҳои «Осори Ҳуринисо Ализода», «Адабиёт дар бораи Ҳ. Ализода» ва кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос иборат аст.
Дар қисмати якуми он андешаҳои олимон, адибон ва муҳақкиқон перомуни фаъолияти илмию таҳкиқотӣ хусусияти хоси эҷодӣ ва рўзноманигор Хуринисо Ализода инъикос мегардад. Қисмати дуввуми маҷмўа номгўйи асарҳо, маводҳои таҳриркардаю тартибдода, осори адабӣ- бадеӣ, тақризу тарҷумаҳои Ҳуринисо Ализода ва адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти ўро дар бар мегирад.Ин феҳрист ҳамчун раҳнамоест барои касоне, ки мехоҳанд аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳуринисо Ализода аз наздик ошноӣ пайдо намояд. Осорнома дар асоси захираи бойгонии соҳибҷашн ва Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мураттаб гардида, маводи чопии солҳои 1981- 2016- ро дар бар мегирад.
Сабоҳат Иброҳимова,
Муовини сардори шуъбаи
библиографияи миллӣ