Аз Султон Сафар хонандаи Китохонаи миллӣ чӣ метавонад мутолиа кунад?
Аз драматургони пуркори тоҷик буд ва муаллифи пйеса ва асарҳои зиёди драмавист, ки ҳар кадом дар замони худ маъруфияте доштанд ва ба зудӣ дар театрҳори касбӣ пазируфта мешуданд. Вай ҳам нависандаи асарҳои саҳнавӣ буд ва ҳам бевосита дар театр кор мекард. Ин барояш имкон медод, ки ниёзҳои театрро донад, офаридаҳои худро ба саҳна ба зудӣ мувофиқ гардонад. Ҳазамон бо ин устодони ҳунармандон буд. Аз худ осори гаронмоя боқӣ гузоштааст.
Султон Сафар 13 – уми марти соли 1935 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, омӯзишгоҳи ҳунарпешагони ба номи Шепкини Маскавро (1958) хатм кардааст. Соли 1968 таҳсили Академияи илмҳои ҷамъиятии Маскавро ба поён расонида, дар мавзӯъи «Зиддият ва хислат дар дроми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Ҳунарпешаи театри давлатии Лоҳутӣ, корманди Раёсати санъати Вазорати фарҳанг, сармуҳаррири идораи барномасозии Вазорати фарҳанг, сардори раёсати санъати ҳамин вазорат, мудири бахши маданияти Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, директори «Тоҷикфилм», ҷонишини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Муддате дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст. Профессор (1990) аст.
Асосан асарҳои драмавӣ навиштааст. Аввалин пйесаи ӯ бо номи «Хаткашон » соли (1957) рӯйи саҳна омадааст. Баъдан «Ду рафиқ » (соли 1960 )-ро навишт, ик он дар саҳнаи театри Хоруғ намоиш дода шуд.
Соли 1962 театри давлатии шаҳри Хуҷанд дроми “Саодат” ва соли 1964 «Субҳи Хуҷанд» -ро дар таҳияи ӯ ба саҳна гузошт.
Дар театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ дроми «Беватан» (соли 1971), дар театри давлатии Хуҷанд «Барои Ватан» (соли 1973), дар театри шаҳри Хоруғ дроми «Қасос» манзури тамошобинон шуд.
Баъдан дромҳои «Ду хоҳарон» (соли 1979), «Чашмаи ҳаёт», «Алафҳои бегона» (соли 1983), «Ҳақиқати талх» (соли 1985), «Зан агар ба шӯр ояд» (соли 1994), «Муҳаббати пок» (соли 1992), «Туғрал» (соли 1994, бо ҳамқаламии Қутбӣ Қиром ва Абдулҳафиз Қодирӣ), «Абӯҷаҳл» (соли 1997), «Мукофоти амал» (соли 1997), «Бузбибӣ» (соли 1993), «Қотил» (соли 1996)-ро иншо кард, ки ҳамаи онҳо дар театрҳои академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, театри ҷавонони ба номи Маҳмуд Воҳид, театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, русӣ-драмавии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе ба саҳна гузошта шуданд.
Чанде аз драмаҳои адиб дар берун аз кишвар низ ба саҳна гузошта шудаанд.
Хизматҳояш бо Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои олии Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон қадр шудааст.
Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони СССР буд.
15-уми сентябри соли 2008 тарки олам кардааст.
Аз осори ин дромнависи машҳур хонандагон дар Китобхонаи миллӣ метавонанд асарҳои зеринро пайдо ва мутолиа намоянд:
Сафар Султон «Субҳи Хуҷанд»: Драма иборат аз 4 парда 9 намоиш. – Душанбе. – 1962 -1964 . – 89 с.
Сафар Султон. - «Гирдоб»: Драма иборат аз се парда ва шаш намоиш . – Душанбе, Москва . – 1965-1967. – 98 с.
Сафар Султон «Беватан»: Драма аз се парда ва шаш манзара . – Душанбе, Москва, 1965-1968. – 73с.
Сафар Султон « Интиқол»: Драма аз ду қисм ва 8 намоиш. – Душанбе, 1969 -1970. – 75с.
Сафар Султон «Гирдоб»: Душанбе: Ирфон , 1973. – 261с.
Сафар Султон «Муҳаббат ва адолат»: Драма иборат аз ду парда ва панҷ намоиш. – Душанбе. – 1973. – 50 с.
Сафар Султон «Мурдаҳои абадзинда»: Драма иборат аз ду қисм ва ҳафт намоиш. – Душанбе, 1974 . – 75с.
Сафар Султон. «Одамият». Аз ду қисм . – Душанбе, 1976- 1977. – 74 с.
Сафар Султон «Фариштаҳо»: Комедия иборат аз ду ва шаш навелаи ҷудогона . – Душанбе , 1977- 1978. – 78с.
Сафар Султон. «Шарораи Хуҷанд». – Душанбе: Ирфон, 1981. – 240 с.
Сафар Султон. «Алафҳои Бегона» ,ҳаҷвиёт иборат аз ду қисм ва нӯҳ намоиш . – Душанбе , 1983. – 66 с.
Сафар Султон. «Бақои умр»: Драма иборат аз ду қисм ва даҳ намоиш. – Душанбе , 1985. – 68 с.
Сафар Султон. «Ҳақиқати талх». – Душанбе: Адиб, 1990. – 384 с.
Сафар Султон. «Султон мулки Адаб»: Меҳрномаи дӯстон ва шогирдон ба Ҷашни 70 – солагии устод Султон Сафар . – Душанбе: Деваштич, 2005. – 83 с.
Таҳияи Парвина Қаюмова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ