Шоири тоҷик (асри 16). Зодгоҳаш Миёнколи Самарқанд, аз ин рў дар баъзе маъхазҳо бо номи Завқии Миёнколӣ низ ёд шудааст. Дар ҷавонӣ дар баробари аз худ кардани улуми роиҷи замон, ба шеър гуфтан пардохт. Ҳамзамононаш ўро соҳиби завқи баланд ва дар гуфтани шеър нексухан тавсиф кардаанд. Дар баробари ҳокими Самарқанд – Қулаҳмадхон ба унвони «маликшшуаро» мушарраф гардидааст.
Завқии Самарқандиро шоири соҳибдевон номидаанд, аммо девони ў то замони мо нарасидааст. Ба қалами ў ғазалҳову қасидаҳо, қитъаҳо ва маснавиии «Нозу ниёз» иборат аз 4 ҳазор байт (дар вазни шеъри «Хусраву Ширин»-и Низомӣ) тааллуқ доранд. Намунаҳои ғазалиёташ, ки дар маъхазҳои адабӣ омадаанд, аз маҳорати хуби шоирии ў гувоҳӣ медиҳанд. Ин ғазал аз ўст:
То ба завқи дили мо тири ту пайкон бишикаст,
Оқибат аҳли вафодории дармон бишикаст.
Дили насронии мо дар ҳаваси нашъаи куфр
Тавба аз нанги вараъ бар сари имон бишикаст.
Пайрави ташналабе бош, ки дар тобаи ҳашр
Ҳимматаш соғари оби кафи Ризвон бишикаст.
Тутиё соз ғубори қадамеро, ки бар он
Дар раҳи каъбаи мақсуд муғелон бишикаст.
Завқиё, хаста шудан гир, ки хунобаи захм
Дар дили мо ҳаваси чашмаи ҳайвон бишикаст.
Завқии Самарқандӣ дар пайравии маснавии «Хусраву Ширин»-и Низомӣ маснавие бо номи «Нозу ниёз» (иборат аз чор ҳазор байт) навишта, ба Қулаҳмадхон бахшид ва дар ивази он силаи гарон ба даст оварад, вале тоифаи авбошон маблағи шоирро ба ғорат бурда, худи ўро ба қатл расонданд. Завқии Самарқандӣ пеш аз маргаш ғазале гуфта буд бо ин матлаъ:
Мо аз азал ба шеваи Мансур будаем,
Қотил, биё, ки лаб ба «Аналҳақ» гушудаем!
Муаллиф: А. М. Хуросонӣ
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 581.
Таҳияи Манижа Раҷабова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.