«Дугоҳ» ва дугоҳҳои дигар
Нашр шуд 2019-12-18 11:54
«Дугоҳ» суруд ва оҳанги бостонии маросимию мавсимӣ, ки онро ба Борбади Марвазӣ мансуб медонанд. Номи яке аз шуъбаҳои мақоми «Ҳусайнӣ». Таркиби «Дугоҳ» аз ду бонг ва шуъбаҳои «Наҳованд» ва «Нишопураки Саркор» иборат аст. Кавкабии Бухороӣ дар асари худ «Дар баёни «Дувоздаҳмақом» тарзу усули эҷоди «Дугоҳ»-ро дар сози мусиқӣ чунин зикр кардааст:
Эй бародар, як Дугоҳе соз кун,
Аз Ҳусайнӣ пастие оғоз кун.
2) Наво, оҳанг ва суруди маъмули классикӣ дар мусиқии устодонаи тоҷик. Лаҳни комил ва пардае, ки байни ду садо эҷод шудааст. Шуъбаи маъмул дар таркиби «Дувоздаҳмақом» (асрҳои 12-17 ва ибтидои асри 18). Тартиби истихроҷи қаторовозаҳои он дар пардаҳои сози уд чунин аст:
А+Д (0-204) ва Ҳ+Йа (498-702)
204 204
3) Мақоми чорум дар таркиби «Шашмақом». Зиёда аз 40 наво ва шохаҳои созии «Тасниф», «Пешрав», «Тарҷеъ», «Гардун», «Самоӣ», «Мухаммаси Дугоҳ», «Мухаммаси Чоргоҳ», «Мухаммаси Ҳодиҳоҷа», «Мухаммаси чорсархона» ва «Сақили Ашкулло»-ро фаро мегирад. Шохаи овозӣ (насрӣ)-и Дугоҳ аз шуъбаҳои «Сарахбор», «Талқини чоргоҳ», «Насри Чоргоҳ», «Ораз», «Ҳусайнӣ», «Савти Чоргоҳ», «Муғулча», «Сарахбори оромиҷон» ва «Уфар» таркиб ёфтааст. Дар маҷмўи мақомҳои хоразмӣ «Дугоҳ» бо каме тағйирот амал мекунад, яъне «Тасниф»-ро мақоми «Дугоҳ» ё «Танӣ» меноманд. Дар айни замон дар баъзе шохаҳо гўшаҳои «Зарбулфатҳ», «Фохтазарб», «Уфарҳо» ва бахши таронавиро «Сарахбор» номида, ба ҷои нимаи дигарашон «Нақш», «Баёт», «Савораҳо» ворид шудаанд.
«Дугоҳ» чун мақомҳои дигар бо риояи усули дойра иҷро мешавад. Дар фаслҳои мусиқии асарҳои Қутбуддини Шерозӣ, Муҳаммади Омулӣ, Мирсайид Алии Ҷурҷонӣ ва дигарон риояти бисёр муҳим донистаанд. Мусиқии «Дугоҳ» саршор аз ифодаҳои рангини савтию тараннумӣ ва мақомдонон дар заминаи «Дугоҳ таснифоти ҷолиб офаридаанд»
«Дугоҳи Аҷам»
«Дугоҳи Аҷам» оҳанг, суруди маросимии аҳди Сосониён (222-621); 2) гўша, шуъбаи мусиқӣ дар таркиби «Дувоздаҳмақом» (асрҳои 21-14). Яке аз шохаҳои муҳим дар таркиби шуъбаи «Наврўзи Сабо» (мақоми «Бўсалик»). Аз хусуси «Дугоҳи Аҷам» Мир Сайид Алии Ҷурҷонӣ дар «Мақолиду-л-улум» ва Ҳасани Кошӣ дар «Канзу-т-туҳаф» ёдоварӣ намудаанд. Дар «Шашмақом» ва «Ҳафтдастгоҳ»-и эронӣ бо номи «Дугоҳи Аҷам» гўша ва шуъбае вуҷуд надорад ав шуъбаҳои «Аҷам»-у «Баёти Аҷам» амал мекунад.
«Дугоҳи сарф»
«Дугоҳи сарф» мақоми севвум дар таркиби «Понздаҳмақом, ки онро оҳангсозони форс-тоҷик дар асоси пардаи мақоми «Дугоҳ» аз пардаи пасти мақоми «Ироқ» эҷод кардаанд. «Дугоҳи сарф» то асрҳои 16-17 дар мусиқӣ мавқеъ дошта, сипаи оҳангсозону мусиқишиносон ба ҷои он шуъбаи «Дугоҳ» ва гўшаи «Дугоҳи Аҷам» (мақоми «Бўсалик»)-ро ба кор бурдаанд. «Дугоҳи сарф» дар маъхазҳои мусиқии дар ҳавзаҳои Мовароуннаҳру Хуросон таснифшуда (ба истиснои асари «Туҳфату-с-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ номбар нашудааст.
«Дугоҳи Ҳусайнӣ»
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 6. – С. 214-215.
Муаллиф: А. Раҷабов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ