Аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони тоҷик аст, ки дар омӯзиши забонҳои помирӣ, таърихи забони тоҷикӣ, Авасто ва забонҳои помирӣ, фонетикаи таърихии забонҳои помирӣ хизматҳои шоён кардааст.
Додихудоев Раҳим Халилович 15 июни соли 1928 дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1980 бо унвони доктори илми филологӣ ва соли 1981 профессор сарфароз гардонида шудааст.
Солҳои 1946-1950 дар Институти ҳарбии забонҳои хориҷии Вазорати мудофиаи СССР-ро хонда, дар системаи истихборотии низомии шўравӣ кор кардааст.
Раҳим Додихудоев соли 1956 якбора аз курси чорум дар факултаи таъриху филологияи УДТ (ҳоло ДМТ) таҳсилро оғоз намуда, аз соли 1958 дар ҳамин боргоҳи илм заҳмат кашидааст. Вазифаҳои муаллими калон, дотсент, мудири кафедра ва декани факултаи забон ва адабиёти русро (солҳои 1958-1979) иҷро кардааст. Солҳои 1980-1984 ректори Институти педагогии забон ва адабиёти руси Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) буд. Аз соли 1985 то поёни умр вазифаи сарходими илмии Пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистонро иҷро кардааст.
Раҳим Додихудоев оид ба фонетикаи таърихии забони шуғнонӣ, микротопонимияи Помир, таърихи забонҳои қадимаи форсӣ ва ғайра зиёда аз сад кори илмӣ навиштааст. Таълифоташ бо забонҳои инглисӣ, олмонӣ, форсӣ ва дигар забонҳо борҳо нашр гардидааст.
Раҳим Додихудоев 14 ноябр соли 1995 дар синни шастуҳафтсолагӣ бар асари беморӣ дар шаҳри Москва аз олам даргузашт.
Аз таълифоти профессор Раҳим Додхудоев дар Китобхонаи миллӣ:
Додихудоев, Р. Луғати ҳетерограммаҳои паҳлавӣ. – Душанбе, 1969. – 20 с.
Додихудоев, Р. Матнҳо барои хониш оид ба таърихи забони тоҷикӣ. – Душанбе, 1970. – 11 с.
Додихудоев, Р. Дастури мухтасари таърихи забони тоҷикӣ. – Душанбе, 1978. – 70 с.
Додихудоев, Р. Дастури мухтасари таърихи забони тоҷикӣ: Дастури таълимӣ. – Душанбе, 1978. – 69 с.
Додихудоев, Р. Таърихи забони тоҷикӣ / Китоби дарси барои факултетҳои филологияи тоҷик. – Душанбе: Маориф,1987. – 200с.
Додихудоев, Р. Таърихи забони тоҷикӣ. – Душанбе: Маориф. – 1988. – 200 с.
Китоби гуфтугўи тоҷикӣ-русӣ. – Душанбе, 1988 (ҳаммуаллиф).
Додихудоев, Р. Тавқи манқурити то кай ?: Масъалаҳои марбут ба халқияту забонҳои помирӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1989. – №5. – С.28-30.
Додихудоев, Р. Авасто ва забонҳои помирӣ // Ҷумҳурият. – 1992. – 1 декабр.
Додихудоев, Р. Маҳмуд Темур нависандаи Миср: Роҷеъ ба фаъолияти адабӣ ва осори ҳикоянависи мисрӣ, нависадаи бузурги Миср Маҳмуд Темур // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 16 феврал.
Бо забони руси
Материалы по исторической фонетике шугнанского языка. – Душанбе, 1962.
Памирская микротопонимия. – Душанбе, 1975.
Руководство по истории таджикского языка. Учебное пособие. – Душанбе, 1979.
Учебник (Букварь) языка дари. – Душанбе, 1986 (соавтор).
Исследование по восточным языкам. – Душанбе, 1988.
Афганистан сегодня. – Душанбе, 1988 (соавтор).
Русский язык. Учебник для 9 класса. – Душанбе, 1992 (соавтор).
Евангелия от Луки. – Москва, 2001.
Таҳияи Баргигул Наботова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ