Шахсест, ки дар муаррифии адабиёти тоҷик хизматҳои шоиста кардааст. Метавон ӯро аз айнипажуҳишони шинохта номид, ки чандин асар дар шинохти устод Садриддин Айнӣ навиштаву дар маъруфтарин интишороти Маскав чоп кардааст.
Адабиётшиноси барҷаста, доктори илми филологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино Иосиф Брагинский 18-уми июни соли 1905 дар шаҳри Боку таваллуд ёфтааст.
Соли 1931 Донишкадаи шарқшиносии Маскавро хатм карда, дар ҳамин ҷо аз забони урду дарс дод, мудири қисми таълимӣ