Activities calendar

14 июня 2017

Одина Ҳошимов

Савте, ки бад-ин сабки мулоим шунавам,
Қисмат бидеҳ фурсатам, ки доим шунавам.
Эй кош маро ато шавад умри дигар,
Умре, ки фақат Одина Ҳошим шунавам.

Хайрандеш

Шаҳсутуни  санъати тоҷик Одина Ҳошим агар зинда мебуд, имрӯз, 13-уми июн ба синни мубораки 80 медаромад. Аммо умри ин булбули хушсадо, ин донишманди варзида, ин таронасарои мақбули дилу дида басо кутоҳ буд. Ӯ дар синни панҷоҳу панҷсолагӣ тарки олам кард