Одина Ҳошимов
Савте, ки бад-ин сабки мулоим шунавам,
Қисмат бидеҳ фурсатам, ки доим шунавам.
Эй кош маро ато шавад умри дигар,
Умре, ки фақат Одина Ҳошим шунавам.
Хайрандеш
Шаҳсутуни санъати тоҷик Одина Ҳошим агар зинда мебуд, имрӯз, 13-уми июн ба синни мубораки 80 медаромад. Аммо умри ин булбули хушсадо, ин донишманди варзида, ин таронасарои мақбули дилу дида басо кутоҳ буд. Ӯ дар синни панҷоҳу панҷсолагӣ тарки олам кард ва ҳазорон мухлисону алоқмандонашро дар сӯг нишонд.
Одина Ҳошим 13-уми июни соли 1937, дар айни солҳои бедоди истолинӣ, авҷу тройкаву қатли оми мардум дар деҳаи Нимдараи ноҳияи Ҳамадонӣ дида ба олам кушод. Агар ӯ зинда мебуд, ин шабу рӯз 80-умин солгарди умрашро бо навтарин таронаҳо, пурошубтарин ғазалҳо истиқбол мекард.
Соли 1959 омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва 1972 ғоибона Институти давлатии педагогии ш. Кўлобро хатм кард. Солҳои 1959-1962 роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъати Театри халқии н. Ҳамадонӣ, 1962-1975 коргардони театри номрафта, 1975-1979 директори Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кўлоб, аз соли 1980 то поёни умр овозхони ҳамин театр буд. Ин донандаи рўзгор ва афкори халқ, парвардаи назми оламгири форс-тоҷик дар мусиқии миллиамон як такон ба вуҷуд овард, диди тозае, омезиши зебое ба ин бахши ҳунарамон ворид сохт, дар будаи фавқулодда нобудаеро ҳамроҳ кард.
Сурудҳояш аз лиҳози бадеияти мусиқӣ, рангорангии мавзўъ, таҷассуми сабк, усулҳои хосу марғуби мусиқии халқию анъанавӣ, тобишҳои ҷаззобу рўҳнавози навоҳои классикӣ эътибори шоиста касб намуданд. Дигар аз шоистагӣ ва марғубияти эҷодаш устуворию равонӣ, рангомезии мавзўъ, савтию овозӣ, бо ифодаҳои тоза садо додани анъанаҳои қадиму ғании санъати мусиқии халқию классики кунунӣ маҳсуб меёбад. Зиёда аз панҷсад суруд хондааст ва ин ҷо ҳоҷат ба ном бурдани чанде аз онҳо нест, зеро ҳар таронааш аз сунбулу насрин бўётару аз боди баҳорӣ нозуктар аст. Овозхони дардошно бо лаҳни гуворо ҳастии моро бо ҳастии Шамси Табрезу Саъдӣ, Ҳофизу Ҷомӣ, Соибу Лоҳутӣ ва амсоли онҳо пайваста, дар хонишаш асло халалпазирии маънӣ, берабтӣ эҳсос намешуд. Навосанҷе чун ў тўли асрҳо тавлид меёбад. Қариб ягон ҷашнвораи муҳими мусиқӣ бе иштирокаш намегузашт, ба санъати волояш дар Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон, мамолики арабу Туркия, давлатҳои Аврупо, ҳамаи ҷамоҳири собиқ шўравӣ аз эҳсоси хушҳолӣ мардум каф кўфтааст. Филмҳои телевизионии « (1970) ва «Дар Суҳбати Одина Ҳошим» (1993) ба ҳаёту фаъолияташ бахшида шудаанд.
16-уми ноябри соли 1993 бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузошт. Рӯзи 17-уми ноябр маросими видоъ бо ҳофизи мумтоз аввал дар манзилаш ва баъд дар охирин маҳалли кораш-театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор шуд. Худи ҳамон рӯз дар оромгоҳи Лучоб, паҳлуи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ба хок супуданд.
Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, ордени «Дўстӣ» (пас аз марг) шарафёб шудааст.
Хонандагони муҳтарами Китобхонаи миллӣ дар ин боргоҳи маърифат дар бораи Одина Ҳошим метавонанд ин матолибро дастрас ва мутолиа намоянд:
Аз осори ҳофизи мумтоз
Навои шодиву ғам: Сурудҳо аз эҷодиёти Одина Ҳошим. – Душанбе: Эҷод, 1998. – 112 с.
Дар бораи Одина Ҳошим
Ҷалилзода, И. Одина Ҳошим. – Душанбе : Ирфон,1985. – 69 с.
Одина Ҳошим. – Душанбе: Ирфон,1993. – 74 с.
Одина фалак мезад: Ёдоштҳо, Душанбе: Адиб,1994. – 112 с.
Ёде аз Одина Ҳошим. – Душанбе: Эҷод,1996. – 114 с.
Икромов, И. Одинаи Ҳошим. – Душанбе, 2001.
Табаров,С. Ёде аз Одина Ҳошим. – Душанбе, 2004. – 63 с.
Рўзи Одина. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 112 с.
Қодиров,С. Салавоте ба Одина Ҳошим. – Душанбе, 2014. – 26 с.
Парвози суруди Одина: Мусоҳибаи Ғ. Сафарзода бо сароянда О. Ҳошим // Тоҷикистони Советӣ. – 1966. – 27 ноябр.
Хоҷаев,М. Сарояндаи сурудҳои диловез // Маориф ва маданият. – 1970. – 3 сентябр.
Ҷалилзода, И. Одина: Очерк // Роҳи ленинӣ. – 1977. – 13,14,16,18 апрел.
Партоев, А. Суруди «Фалак» то бар фалак буд // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 7 август.
Аюбзода,С. Дили ў маҳзани шеъру сурудаст // Роҳи ленинӣ. – 1983. – 13 май.
Ҳакимов, З. Мактаби ҳофиз // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 22 май.
Сафар,А. Сайёҳи мулки дилҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 10май.
Шанбезода, Ҳ. Эъҷоз: Шеър ба Одина Ҳошимов // Роҳи ленинӣ. – 1984. – 7 ноябр.
Сафар,А. Суруди Одина // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 31 октябр. – С.13.
Алиева,Ҳ. Боз бишнидам садоят // Роҳи ленинӣ. – 1987. – 23 январ.
Ёдгорӣ,Ш. Васфи ҳофиз: Шеър ба Одина Ҳошимов // Роҳи ленинӣ. – 1987. – 11 июл.
Ҳамдам,А. Рози ниёзи як марди танҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 30 сентябр.
Табаров,С. Ромишгари нуктадон // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 15 сентябр.
Аюбӣ,С. Асилзодаи санъати тоҷик // Роҳи ленинӣ. – 1988. – 15 сентябр.
Мирраҳмадов,М. Ёдгори умр // Газетаи муаллимон. – 1988. – 22 октябр.
Ёров, С. Соате бо Одина Ҳошим // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 17 ноябр. – С.11.
Ҳайдаршо,М. Вақте Одина Ҳошимов месарояд // Комсомоли Тоҷикистон. – 1988. – 18 ноябр.
Киром, Қ. Як нуқтаи накў: Шеър ба Одина Ҳошимов // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 13 июл.
Аҳтамзод,Ш. Сеҳри оҳанг: Шеър ба Одина Ҳошимов // Тоҷикистони советӣ. – 18 март.
Сайфуллоев, А. Мардро эътибор дар ҳунар аст // Тоҷикистони Шўравӣ. – 1991. – 9 январ.
Салим, М. Духтари меросӣ // Хатлон. – 1992. – 3 январ.
Самад, А. Ҳайфи доно мурдану…. : Ёде аз Одина Ҳошим // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 9 декабр.
Буравӣ, С. Ёде аз Одина Ҳошим // Садои мардум. – 1998. – 21 январ.
Салим, М. Одина Ҳошим, туро ман ёд мекунам // Чархи гардун. – 1999. – 10июн.
Икромов, И. Мешиносад дили ман бўи дили сўхторо // Ҷумҳурият. – 2001. – 14 июл.
Миров, М. Садое сўи бекаронӣ // Садои мардум. – 2003. – 10 июн.
Хатлонӣ,С. Рўзгоре бо Одинаи Ҳошим // Садои мардум. – 2005. – 14 июн.
Икромӣ,Ҷ. Одинаи як фалакзани аз фалак баланд…. // Миллат. – 2007. – 8 ноябр.
Раҷаб,У. Хунёгар // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 4 декабр.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ