Ғаззолии Тӯсӣ
Нашр шуд 2021-02-17 16:03
Муҳаммад ибни Аҳмади Ғаззолии Тўсӣ (фавт 1127, Қазвин), ориф ва фақеҳи маъруф, бародари хурдии Муҳаммади Ғаззолӣ. Дар Тобирони Тўс таваллуд шудааст. Дар тариққати суфия пайравии орифи машҳур Абубакри Насоҷи Тўсӣ будааст. Ғаззолӣ суханвари тавоно ва муаллими бомаҳорат будааст, бинобар ин баъд аз Муҳаммади Ғаззолӣ даҳ сол дар «Низомия» вазифаи устодиро бар уҳда доштааст.
Шахсиятҳои машҳур ва орифону шоирони номдор, аз ҷумла Шайх Абулфазли Боғдодӣ, Айнулқузоти Ҳамадонӣ, Абунаҷиби Суҳравардӣ шогирдони Ғаззолӣ буданд, ки ин аз нуфузи зиёди ў дар замонааш гувоҳӣ медиҳад. Ғаззолӣ бо баъзе сарварони дини замонаш дар мухолифат қарор доштааст. Чунончӣ, Саноӣ дар қасидае дар бораи душмание, ки байни қозиюлқузоти Сарахс Муҳаммад Мансур ва Ғаззолӣ ҷой дошта, дар ниҳоят ба сулҳ анҷомидааст сухан мегўял. Ғаззолӣ асарҳои мансуру манзум таълиф кардааст, ки баъзеи онҳо то ба мо расидаанд. Китоби бародараш «Эҳёу улуми-д-дин»-ро бо номи «Луббобу-л-эҳё» талхис (хулоса) карда будааст, ки то ҳанўз дастрас нест. «Ат-Таҷрид фӣ калимати-т-тавҳид», «Бавориқу-л-асмо фӣ радди ало ман юҳарриму-с-самоъ», «Савонеҳ», «Рисолату тайри-т-туюр» аз ў ба ёдгор мондаанд. Аз ҷиҳати ақида Ғаззолӣ ба орифони муташарреъ мутааллиқ аст, вале дар баъзе мавридҳо майле ба ваҳдати вуҷуд дорад.
Таълимоти Ғаззолӣ ирфони ошиқонаро бештар дар бар гирифтааст. Саид Ҳусайни Наср Ғазолиро «барҷастатарин чеҳра дар миёни шореҳони тариқи ишқ» медонад. Ў дар бораи «Савонеҳу-л-ушшоқ» менависад: «Ин асар яке аз муҳимтарин рисолот дар бораи назарияи ишқ дар авоили тасаввуфи эронӣ аст».
Леонардо Левозан хусусияти тасаввуфи эрониро дар ду чеҳраи маъруфи он-Абусаиди Абулхайр ва Ғаззолӣ дарёфта мегўяд: «Онҳо аз навъи орифонеанд, ки ба таъбири Энштейн, «парҳезгорӣ дар хилватро беҳтар аз ибодати тазоҳуромез» медонанд».
Бозчоп аз “Энсиклопедияи Миллии Тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 18.
Муаллиф К. Олимов
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ