Муаллифи “Суҳбати мардона” шастсола шуд

 

 Ҳокими Азиз замоне аз зумраи маъруфтарин чеҳраҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Чӣ дар радио ва чӣ дар телевизион дар таҳияи беҳтарин барномаҳо бо диди тозаву мавзӯъҳои ҷолиб саҳм дошт. Ҳоло ҳам силсилабарномаҳои телевизионии вай, аз ҷумла барномаи пурбинандаи “Суҳбати мардона” дар ёду хотири бинандаҳо нақш бастааст. Чун мусоҳибонаш дар ин барнома мисли зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ шахсиятҳои варзидаву шинохта буданд.  Аммо имрӯз ба баъзе сабабҳо аз кори журналистӣ канор рафт.

Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, аз соли 1986 дар радиои тоҷик фаъолиятро шурўъ намуда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драммавӣ силсилагуфтори «Дар сўҳбати адиб» - ро хидмати шунавандагон гузоштааст, ки беш аз 30 шуморааш дар «Хазинаи тиллоӣ» - и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Солҳои 1997- 2005 ба телевизиони тоҷик чун муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ босамар хидмат ба ҷой овардааст.

Муалифи барномаи саргармкунандаи «Сўҳбати мардона» (1997-2000)  буд, ки бо афкори озоду унсурҳои ҷолибсозӣ аз барномаҳои ин давра тафовут дошт.

Фаъолияти минбаъдааш ба матбуоти даврӣ ва мақомоти давлатӣ вобаста аст. Муддате дар чанд нашрияи Вазорати маорифи икшвар кор мекард, муаллифи чандин китобҳо аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад. Ба ҳикояву қиссанависӣ ҳам рағбат дорад. 

Бозчоп аз «Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон» . – Душанбе: Шуҷоиён,  2009. – С. 779-780.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҳокими Азиз ин мтаолибро ҳам метавонед бихонед:

«Гуфтугў бо Лоиқ». – Душанбе:  Олами китоб, 2006. – 96с.

Бо навои борон: Романҳо. – Душанбе: Меҳроҷ Граф, 2016. – 516 с.

Қаноат, М. Дарди халқ дар мағзи устухони ман аст: Мусоҳибаи мухбир Ҳокими Азиз // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 19 март.

Раштӣ, М. Ростгорӣ дарси аҳқоми ман аст:  Муҳовараи журналист Ҳокими Азиз бо  шоира Муътабари Раштӣ // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 7 сентябр.

Шералӣ, Л. Суҳбати марди Худо мардат кунад: Мусоҳибаи Ҳокими Азиз бо Лоиқ Шералӣ // Миллат. – 2006. – 18 май.

Мирзоев, И. Қаламкаш: Мусоҳибаи рўзноманигор Ҳокими Азиз бо корманди телевизион ва радиои Тоҷикистон, адиб Искандар Мирзоев // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 20 март.

Ҳасанзод, С. «Аз дуои модар қаламам сабз гаштааст…»: Суҳбаторо рўзноманигор Ҳокими Азиз бо адиби пуркор Сипеҳри Абўабдуллоҳи Ҳасанзод // Садои мардум. – 2017. – 7 сентябр.

Таҳияи корманди шуъбаи  библиографияи миллӣ,

 Зардодхонова Марзия