Азиз Несин барои ҷомеаи Тоҷикистон шахси ноошно нест. Аз аввали солҳои 60-и асри гузашта аввал ягон-ягон ва баъдан теъдоди зиёди ҳикояҳои ӯ дар матбуоти кишвар нашр шуданд. Соли маҷмуъаи ҳикояҳои тарҷумашудаи адиб бо номи “Фонус” аз чоп баромад.
Азиз Несин 13 октябри соли 1915 дар Истамбул таваллуд шудааст. Азиз Несин тахаллуси нависанда буд, номи аслиаш Маҳмуд Нусрат мебошад. Несин нависанда ва публитсисти турк, устоди ҳаҷви сиёсӣ ва иҷтимоӣ, муаллифи ҳикоя ва романҳои ҳаҷвист.
Ҳаҷвиёти Азиз Несин ба муқобили нуқсонҳои иҷтимоӣ ва мунофиқии сиёсӣ дар муборизаи байни ҳизбҳо равона шудааст.
Хислатҳо ва шароите, ки ў тасвир кардааст, зиддиятҳои шахсию ҷамъиятиро инъикос менамоянд: «Кадом ҳизб ғалаба хоҳад кард?» (соли 1957), «Хари мурда» (соли 1958), «Офарин» (соли 1959) ва ғайраҳо. Қаҳрамонони писандидаи Азиз Несин – амалдори хурд, зиёии ноком, камбағали орзуманди кор мебошанд.
Афсонаҳои ҳаҷвии маҷмўаи «Дар мамлакате» (соли 1958) ва як силсила шеърҳо низ ба қалами Азиз Несин тааллуқ доранд. Асарҳои нависанда дар бисёр мамлакатҳо тарҷума ва нашр шудаанд. Бисёре аз ҳикояҳои Азиз Несин ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, дар саҳифаҳои рузномаю маҷалла ва дар маҷмўаи «Фонус» (соли 1963) нашр шудаанд.
Азиз Несин дар озмуни умумиҷаҳонии ҳаҷвнависон, ки дар Италия барпо гардида буд, соли 1956 барои ҳикояи «Ҳамдии Фил» (нашр ба забони тоҷикӣ соли 1963) ва соли 1957 барои ҳикояи «Тантанаи дег» ба дарёфти ҷоизаи «Шохаи нахл» мушарраф гардидааст:
Нависанда соли 1997 дунёро падруд гуфт.
Бозчоп аз Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе. – 1978. – Ҷ. 1. – С. 8
Муаллиф: А. Муҳаммадхоҷаев.
Аз Азин Несин ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро аз Китобхонаи миллӣ суроғ кунед:
Агар зан мебудам: Ҳикоя / Тарҷумаи М. Хоҷаев // Занҷири гусаста. – Душанбе, 1968. – С. 108-113.
Шоҳи футбол: Роман / Тарҷума аз русӣ. – Душанбе: Адиб, 1990. – 192 с.
Барои бахтам аз ту миннатдорам /Аз русӣ тарҷумаи Ў. Кўҳзод // Маориф ва маданият. – 1965. – 16 октябр.
Амакҷон: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1966. –11 август.
Агар, агар, агар…: Ҳикоя // Ҳақиқати Ленинобод. – 1970. – 8 август.
Арзи ҳол: Ҳикоя / Тарҷумаи Ў. Пўлод // Садои Шарқ. – 1970. – № 11. – С. 89-92.
Адабиётдўст: Ҳикоя / Тарҷумаи А. Зокир // Хорпуштак. – 1974. – №11. – С. 6.
Ҳеҷ кас кори дигаронро қабул надорад: Ҳикоя // Садои мардум. – 1991. – 13 декабр.
Зоднома: Ҳикояи ҳаҷвӣ / Тарҷумаи Н. Бобоҷон // Ҳақиқати Ленинобод. – 1992. – 4 август.
Вақтхушиҳои рўзи якшанбе: Ҳикоя / Тарҷумаи Ш. Шараф // Омўзгор. – 1999. – 7 июл.
Шаҳрдори намуна: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 26 ноябр.
Дар бораи адиби номвар:
Табаров, Н. Дар сўҳбати Азиз Несин: Аз дафтари ёддоштии нависандаи турк // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 22 январ.
Шарифова, Г. Услуби тарҷума: Аз таърихи робитаҳои адабӣ ва пайванди адабиёти адиби номвари Туркия Азиз Несин бо ҳикояҳои бешумораш // Илм ва ҳаёт. – 2001. – №7-9. – С. 12.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ