Профессор Ғуломқадир Бобизодаро шиносем
Донишманди шинохтаи кимиё, ки дар тиб ҳам маъруфият пайдо кардааст. Яке аз муваффақтарин олимони соҳа дар даҳаи аввал ва дуюми асри ХХI аст. Ғуломқадир Бобизода (бобиев Ғуломқодир Муккамолович) 17 марти соли 1960 дар деҳаи Навободи Холмуродии ноҳияи Ваҳдат, дар хонаводаи коргар дида ба олам кушодааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби деҳа гирифтааст. Вай он замон дар мактаб як хонандаи закӣ маҳсуб меёфт ва ҳарчанд ҳамаи фанҳоро хуб медонист, вале ба кимиё алоқамандии бештар дошт.
Мансур Абдусамадов, муаллими кимиё дар мактаби миёнаро аз устодони аввалини худ медонад, ки чашми ӯро ба аҷоиботи ин фан кушодаву дар интихоби ихтисос барои оянда саҳм доштааст.
Соли 1977 ба факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурдааст, вале аз дохил шудан ба шуъбаи рӯзона ба иллати нарасидани балли вуруд ноком шуд. Аммо нагзоштанд аз остонаи Донишгоҳ ноумед ба зодгоҳаш баргардад. Ӯро ба шуъбаи шабонаи таҳсил гузарониданд.
Тибқи низоми вақти таҳсил афроде, ки шабона мехонданд доштанд, бояд ҳатман рӯзони фаъолияти меҳнатӣ мекарданд ва Бобизода имрӯз ҳамон “нокомӣ”-ро оғози неке дар фаъолиятҳои имрӯзаи илмии худ медонад. Зеро пас аз саршавии таҳсил ӯ дар яке аз озмоишгоҳҳои маъруф ва пешқадами кафедраи органикии факултаи кимиёи донишгоҳ, озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» ба ҳайси ёвар ба кор шурӯъ намуд. Кор дарси амал ва таҳсил назарияи ин амал шуд. Ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ вай дар байни устодон ва ҳамсабақонаш ҳамчун донишомӯзи пешқадам ва озмоишгари соҳибсалиқа шинохта шуда буд. Аз ин сабаб ин ҷавони лаёқатманд аз ҷониби мудири кафедраи кимиёи органикӣ ва роҳбари озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» дотсент, номзади илмҳои кимиё Ш. Холиқов, ки ҳоло доктори илм, профессор мебошад, ба кори илмӣ ҷалб карда шуд. Ин буд, ки вай дар соҳаи синтези пептидҳо ба муваффақият ноил гардид.
Чанде пас аз хатми Донишгоҳ Ғуломқодирро ба Маркази илмии кардиологии АИТ Иттиҳоди Шӯравӣ барои аз худ намудани шеваҳои ҷадиди синтези пептидҳо фиристоданд. Ӯ дар ин маркази бонуфузи илмӣ таҳти сарпарастии яке аз олимони чавону тавоно, номзади илмҳои кимиё, ходими калони илмӣ Дейгин И. (ҳоло, доктори илмҳои биология, профессор) ба омӯзиш шуруъ кард ва на танҳо шеваҳои ҷадиди синтези пептидҳоро омӯхт, балки саодати онро ҳам дошт, ки дар таҳияи яке аз доруҳои навтарини ба эътидоловаранда ва тақвиятдиҳандаи системаи масуният Тимаген фаъолона иштирок намояд. Аз сӯи дигар навиштани рисолаи номзадии худро маҳз дар ҷараёни кораш дар Маскав оғоз кард ва тақрибан онро ба анҷом расонид.
Пас аз бозгашт аз Москва тадқиқотҳои худро дар озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» давом дод, вале бо баъзе сабабҳои айнию зеҳнӣ ин озмоишгоҳро тарк намуд ва барои шароити беҳтаре ёфтан дар якчанд корхонаҳои илмию тадқиқотӣ кор кард. Билохира, барои давом додани пажӯҳишҳои илмӣ ва амалӣ намудани натиҷаҳои онҳо даст ба ташкили корхонаи илмию тадқиқотӣ зад.
Дар натиҷа дар соли 1992 Корхонаи хурди (ҳоло, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд) «Занд» ташкил карда шуд, ки сарварии онро Бобизода ба ӯҳда гирифт. Дар ин корхона корҳои илмӣ дар соҳаи синтези пептидҳои хурдмолекула ва таҳияи маводи доруворӣ дар асоси онҳо ба роҳ монда шуд.
Дар натиҷаи бурдани тадқиқоти васеъ дар ин соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соли 1996 ӯ дар мавзӯи «Таҳқиқоти сохторӣ-функсионалии пептидҳои фаъоли иммунии як қатор тимопоэтин, тимозини бурсин” рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои химия гардид.
Пас аз ин пажуҳишҳои илмии худро идома дода, дар соли 2000 дар мавзӯи «Синтез ва хосиятҳои биологии пептидҳои пастмолекулярии тимусӣ ва таркиботи биологии ҳамоҳангии онҳо”-ро бо ихтисосҳои кимиёи биологӣ ва дорусозӣ рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.
Аз кашфиёти муҳими ӯ доруи «Тимотсин» аст, ки барои барқарорсозии муқовимати табии организм ба бемориҳои мухталиф истифода мешавад. Тимотсин ин полоиши пептидҳои гармонҳои тимуси чорвои калони шохдор ва моддаи кимиёвии руҳ мебошад. Ба иқрори Бобизода самароварии он дар ҷараёни табобати бемориҳои давомдори иллатёбии ҷигар, гепатитҳои вирусии (В, С, D), сиррози ҷигар, бемориҳои пӯст, резиши мӯй, касалиҳои Бехтерев, зиққи нафас ва ғайра эҳсос гардид. Ҳоло ин дору дар тибб васеъ истифода мешавад ва маъруфияти хос дорад.
Соли 1999 барандаи ҷоизаи озмуни Ихтирокори беҳтарини Тоҷикистон гардид, соли 2000 бошад ғолиби ин озмун шуд ва ба гирифтани медали тиллои Созмони байналмиллалии моликияти интелектуалӣ мушарраф гардид.
Бобизода Ғ.М. дар баробари тадқиқоти илмӣ ба корҳои илмию методӣ ва педагогӣ низ машғул шудааст. Соли 2001 профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, сипас соли 2002 мудири кафедраи мазкур интихоб гардид. Соли 2004 ба вай аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия унвони илмии профессор дода шуд.
Худи ҳамин сол профессор барои корҳои пурарзишаш дар соҳаи педагогикаи хусусӣ ва таълим узви вобастаи Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Аз соли 2005-2006 дар вазифаи декани факултаи химия ва биологияи донишгоҳи мазкур кор кард. Аз соли 2006 профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Ҳамчунин аз соли 2007 Раиси Кумитаи фармакологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Профессор Бобизода Ғ.М. муаллифи зиёда аз 315 кори илмӣ, аз он ҷумла 50 кори илмию педагогӣ мебошад, ки аз тарафи мутахассисони риштаҳои химияи органикӣ, биохимия, фармакология ва педагогика баҳои баланд гирифтаанд. Таҳти роҳбарии ӯ 6 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд.
Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд, 4 писар ва як духтар мебошад.
Асарҳои илмии профессор Ғулоқодир Бобиев:
- “Иммуноактивные пептиды и их координационные соединения в медицине”. Соли 2009 дар ҳаҷми 228 саҳифа дар “Издательский дом”-и Маскав чоп шудааст;
- “Руководство по физическим и физико-химическим методам фармацевтического анализа” (дастури таълимиву методӣ), соли 2009 дар шаҳри Душанбе интишор ёфтааст;
- Китоби дарсӣ барои синфҳои 11.-Душанбе, ҶММ «XEROXLand», 2007;
- Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа (дастури омӯзишӣ), Душанбе, ПК «Политкомп», соли 2006;
- Химияи биологӣ (дастури илмӣ бо забони тоҷикӣ);
- Бо шарикмуаллифии У. Зубайдов, И. Шарипов, А. Ҳайдарова, Х.Тошев, С. Алимов дастури таълимӣ бо забони тоҷикӣ навиштааст.
Аз профессор Бобизода дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед мутолиа кунед:
Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа: Учебное пособие. – Душанбе: ПК «Политкомп», 2006. – 132 с.
Химия: Китоби дарсӣ барои синфҳои 11. – Душанбе, ҶМ «XEROXLand», 2007. – 240 с.
Иммуноактивные пептиды и их координационные соединения в медицине. – Москва: Издательский дом «Русский врач», 2009. – 228 с.
Руководство по физическими физико-химическим методам фармацевтического анализа: Учебно-методическое пособие. – Душанбе, 2009. – 315 с.
Применение тактики максимальной защиты для синтеза тирозинсодержащих тетрапептидов // Вестник Таджикского государственного национального университета. – 2010. – №3(59). – С. 228-231.
Тимоцин в терапии хронических диффузных заболеваний печени // Проблемы гастроэнтерологии. – 2010. – № 1-2. – С. 40-49.
Механизм действия тимоцина // Здравоохранение Таджикистана. – 2010. – №3. – С. 23-27.
Применение тимоцина при лечении рака молочной железы: VI съезд онкологов и радиологов стран СНГ. Материалы съезда: Душанбе, 1- 4 октября 2010 г. – Душанбе, 2010. – С. 150.
Изучение состава координационных соединений цинка и дипептида изолейцил-триптофан методом окислительного потенциала // Материалы респ. научн. конф. «Проблемы современной координационной химии», посв. 60-летию чл.-корр. АН РТ, д.х.н., проф. Аминджанова А.А. (13-14 января 2011 г.). – Душанбе, 2011. – С.149-150.
Асосҳои кимиёвӣ ва биологии экология. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 240 с.
Озмоишҳои мустақилона ва намунаи тестҳо аз химияи органикӣ: Дастури методӣ. – Душанбе: Ирфон, 2016. – 84 с.
Дар борааш
Наҷмидинзода, С. Доктори илми ду соҳа: Бо қарори Шўрои дисертатсионии Донишгоҳи давлатии тибби Москва ба номи И.М. Сеченов Профессор, доктори илмҳои биологӣ Ғуломқодир Бобиев сазовори унвони доктори илмҳои фармасевтӣ гардид // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2014. – 27 феврал.
Суннатӣ, С. Доруи тоҷик дар ҷаҳон мавқеъ меёбад: Дар бораи ихтироъкунандаи доруи «Тимофе» олими маъруф, доктори илмҳои биология, профессор Ғуломқодир Бобоев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2013. – 26 сентябр.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.