Activities calendar

27 марти 2020

Робиндронат Такур. Гора

 Адиб, рассом, оҳангсоз ва арбоби ҷамъиятии бузурги Ҳиндустон Робиндронат Такур 7 майи соли 1861 дар Калкутта бо олами ҳастӣ чашм кушодааст. Ба иншои шеър аз ҳаштсолагӣ оғоз намуд. Соли 1878 ба Англия меравад ва дар колеҷи донишгоҳи Лондон фанни ҳуқуқро меомўзад. Аммо баъди як сол онро тарк намуда, ба Ҳиндустон бармегардад ва ба касби нависандагӣ машғул мешавад.

Соли 1901 ба мулки авлодиаш Шинтиникетан мекўчад ва он ҷо  бо панҷ нафар омўзгори дигар мактаб мекушояд. Кори нависандагиро якҷоя бо омўзгорӣ давом медиҳад. Шеърҳо, ҳикояҳо, мақолаҳо, романҳо, китобҳои дарсӣ менависад.