Дар доираи масъалаҳои мавриди суҳбат миёни Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ “Гӯшаи китоби Украина” ифтитоҳ шуд. Акнун шумораи гӯшаҳои китоби кишварҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ ба 21 адад расид.
Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд. Муаллифи маҷмўаҳои шеъри «Қатраи борон» (1966), «Дунёи ҷавонӣ» (1971), «Рози дарё» (1974), «Дидори орзуҳо» (1979), «Обшори офтоб» (1981), «Чилчанор» (1982) ва ғайра мебошад. Пас аз маргаш китобҳои «Зи нав зинда шавем…» (1995)-и ў чоп шудаанд.
Софокол яке аз адибони машҳур ва ҳамзамони Эсхил буда, осори худро дар замони тараққиёти демократии ғуломдории Афина эҷод намудааст. Софокл дар яке аз мавзеъҳои Афина, дар оилаи соҳиби устохонаи силоҳсозӣ ба дунё омадааст. Ў дар байни ҳамдиёронаш обрўи хосе доштааст. Мероси адабии ў қариб 120 асри драмавиро дар бар мегирад. Ба ҷуз порчаҳои пароканда ҳафт асари драмвии ў то замони мо расидааст. Аз қабили «Аякс», «Антигона», «Шоҳ Эдип», «Электра», «Эдип дар Колон», «Филоктет», «Пайшиносон».
Ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ба нашр расид, ки ифодагари таҳаввули навине дар таърихи забони тоҷикӣ ва баёнгари азамату бузургии ин забону ин миллати куҳанбунёд мебошад.
Масъалаи забони тоҷикӣ ва ҷойгоҳи он дар зиндагии миллати мо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат мебошад. Дар сарсухани китоби чунин омадааст: