Ёде аз Ҳабибулло Файзулло
Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд. Муаллифи маҷмўаҳои шеъри «Қатраи борон» (1966), «Дунёи ҷавонӣ» (1971), «Рози дарё» (1974), «Дидори орзуҳо» (1979), «Обшори офтоб» (1981), «Чилчанор» (1982) ва ғайра мебошад. Пас аз маргаш китобҳои «Зи нав зинда шавем…» (1995)-и ў чоп шудаанд.
Ҳабибулло Файзулло 15 марти соли 1945 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Восеъ зода шудааст. Соли 1966 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан дар рўзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Вечерний Душанбе» ходими адабӣ будааст. Соли 1973 Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкий Маскавро хатм кардааст. Ходими Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, корманди рўзномаи «Маориф ва маданият», Масъули Шўрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд. Муаллифи маҷмўаҳои шеъри «Қатраи борон» (1966), «Дунёи ҷавонӣ» (1971), «Рози дарё» (1974), «Дидори орзуҳо» (1979), «Обшори офтоб» (1981), «Чилчанор» (1982) ва ғайра мебошад. Пас аз маргаш китобҳои «Зи нав зинда шавем…» (1995)-и ў чоп шудаанд.
Дар Маскав китобҳои ў «Яблонка» (1972) ва «Боль» (1990) ба чоп расидаанд.
Ашъори алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Шекспир, И. Гёте, П. Шиллер, А. Блок, Ю. Марсинкявичюс, И. Зиёдонис, фоҷиаи Эврепид «Медея»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаҳояш дар баёзи «Армуғон» (1987) гирд омадаанд.
Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Ў 8 июни соли 1980 дар садамаи нақлиёт аз олам даргузашт.
Бозчоп: Аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 249-250.
Аз Ҳабибулло Файзулло ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин мтаолибро метавонед бихонед:
Қатраи борон: Маҷмўа. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 24 с.
Дунёи ҷавонӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 71 с.
Афсонаҳои дарё: Маҷмўаи шерҳо. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 95 с.
Достони роҳ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 112 с.
Обшори офтоб: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 160 с.
Чил чанор: Шеърҳо барои бачагони сини миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1982. – 47 с.
Зи нав зинда шавем…: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 368 с.
Сурати падар: Шеърҳо // Меҳри падар. – Душанбе, 1988. – С. 130.
Дасти ту ҳунар резад: Шеър // Маориф ва маданият. – 1979. – 8 декабр.
Бўи борон; Шеъри дарё; Дидори тифлӣ; Гули хушкида; Хаёли дил; Пайванд: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1979. – №3. – С. 59-62.
Қиссаҳои Холаку Норак; Қиссаи аввал; Дарахт // Тоҷикистон. – 1993. – 6 август. – С. 5.
Дастагул бар рўи қабри модар: Шеър // Миллат. – 2013. – 20 март.
Марги дарахт: Шеър // Садои Шарқ. – 2016. – №10. – С. 108.
Ҳусни баҳор: Шеър // Баҳори Аҷам. – 2017. – 17 март.
Ватан: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 2 август.
Дар борааш
Абдулло, З. Мебарам вақт… Дар сугвории Ҳабибулло Файзулло // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 13 июн.
Зикри хайр: Хотираи як гурўҳ шоирони ҷавон дар бораи Ҳабибулло Файзулло // Маориф ва маданият. – 1980. – 24 июн.
Бобоев, М. Дастгирии устод: Хотирае чанд аз рўзгори шоири зиндаёд Ҳабибулло Файзулло // Садои мардум. – 2005. – 31 май.
Давронов, А. Маърифати шеър ва шахси шоир: Ба ифтихори 60-солагии Ҳабибулло Файзулло // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 2 июн. – С. 6.
Ҳабиб, П. Файзи тобистони Ҳабибулло: Гузориш аз таҷлили 70- солагии шоири маъруф Ҳабибулло Файзулло дар Ховалинг // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 27 август.
Ғулом, З. Ҷавон рафту ҷовидон монд: Ёде аз шоири зиндаёд Хабибулло Файзулло // Адабиёт ва санъат. – 2016. –14 апрел.
Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ