80 соли умри пурбаракт
Устод Ҳомид Маҷидов – яке аз забоншиносони маъруфи кишвар ба сини мубораки 80 қадам гузошт. Умре, ки ҳамаро сарфи пажуҳишҳои илмӣ кард ва ҳосили ин умр танҳо кушоишҳои илмӣ ва хидмат дар рушди забоншиносии тоҷик набуда, балки садҳо шогирдони муваффақи ӯянд, ки имрӯзҳо дар сар то сари кишвар кору фаъолият менамоянд. Даҳҳо нафар бо кӯмаки ӯ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд ва теъдоди касоне, ки дар навиштани корҳои димломӣ аз маслиҳату машваратҳои ӯ кор гирифтанд, ҳисоб надоранд.
Доктори илми филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҳомид Маҷидов 15 июни соли 1937 дар ноҳияи Ҳамадонӣ дида ба олам кушодааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи УДТ-ро (ҳоло ДМТ) хатм намуда, беш аз ним аср дар ҳамин боргоҳи илм заҳмат кашидааст, ба истиснои солҳои 1985-1988, ки ноиби ректори Донишкадаи забон ва адабиёти рус оид ба таълим буд. Дар УДТ ҳамчун ассистент, муалим, муаллими калон, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ (солҳои 1961-2002), мудири ҳамин кафедраи (солҳои 2002-2005) кор кардааст. Аз соли 2005 профессор ва мушовири кафедраи номрафта мебошад.
Аз бунёдгузорони назарияи фразеологии забони тоҷикӣ ба шумор меравад, масъалаҳои системавият, гурўҳҳои маъонӣ, сохторӣ, мансубияти ҳиссаинутқӣ, категорияҳои грамматикӣ ва қонуниятҳои мавҷудияту амалкарди воҳидҳои фразеологии забонамон дар осораш ҳаллу фасл ёфтаанд. Ҳамзамон ба масоили луғат, савтиёт, грамматика ва услубиёти забони адабии тоҷик шуғл варзида, оид ба мушкилоти зиёди сарбастаи ин бахшҳо ақидаи ҷолиб баён доштааст.
Ба омўзиши масоили то кунун ноомўхтаи фразеологияи тоҷик ҷиддан азм намуда, хоса яке аз навъҳои басе сермустаъмали воҳидҳои забон ибораҳои рехтаи феълиро мавриди таҳқиқ қарор дод, ба муайан намудани хосиятҳои луғавию маъноии фразеологияи феълӣ, масоили мубрами фразеологии забон – моҳияти лингвистӣ, тавофути асосӣ, ҳаҷму захираи забон ва ғайра бо амиқравиҳои хеле ҷиддӣ камар баст. Бо саъйю талошҳо ва ҷидду ҷаҳдҳо осори зиёд офарид, ки дар онҳо бо тозакорию навоварӣ таърихи таҳқиқ, таснифоти фразеология, мухтассоти фарқкунанда, маъно ва шаклҳои грамматикики воҳидҳои он, таснифоти гурўҳои мухталифи воҳидҳои фразеологӣ, семасиология, этимология ва ғайра соддаю фасеҳ ва амиқу дақиқ маънидоду тавзеҳ ёфтанд. Хидмати ин олими омўзгор дар камолоти маънавии миллат, тарбияи мутахассисони соҳаи филология ниҳоят калон аст.
Аз профессор Ҳомид Маҷидов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро бихонед:
Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 126 с.
Ҳилол Каримов- муаллими нахустини мо. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 64 с.
Ҳусни калом дар маънии он аст. – Душанбе: Ирфон,1991. – 86 с.
Воҳидҳои фразелогӣ тафаккури бадеӣ. – Душанбе: Ирфон,1993. – 96 с.
Инъикоси воқеият дар воҳидҳои фразеологии забони адабии тоҷикӣ. – Душанбе: Эҷод, 2002. – 46 с.
Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик. – Душанбе: Деваштич, 2006. – 112 с.
Забони адабии муосири тоҷик: Луғатшиносӣ. – Душанбе: Деваштич, 2007. – 127 с.
Мулоҳизае чанд роҷеъ ба масъалаҳои грамматикаи забони тоҷик. – Душанбе: Маориф, 2010. – 144 с.
Истиқлол ва забони давлатӣ. – Душанбе: Маориф, 2011. – 69 с.
Фасоҳати сухан ва интихоби маънои дақиқ. – Душанбе: Маориф, 2012. – 91 с.
Фонемаи Ъ (сакта) ва имлои он. – Душанбе: Ҳумо, 2013. – 56 с.
Меъёрҳои истеъмолии забони адабии муосири тоҷикӣ. – Душанбе: Маориф, 2013. – 88 с.
Сеҳри сухани форсӣ-тоҷикӣ: Мақолаҳои мунтахаб. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 220 с.
Дар бораи профессор Ҳомид Маҷидов
Лутфуллоев, М., Раҳимзода, Х. Олими забоншинос ва инсони комил. – Душанбе: Дониш,1997. – 86 с.
Камоли одамӣ дар илм бошад. – Душанбе: Деваштич, 20071. – 12 с.
Хоҷаев, Д., Амирзода, М., Салимов,М., Кабиров, Ш. Сухансанҷу суханшинос // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 13 сентябр.
Хоҷаев, Д. Маҷидов Ҳомид // Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008. – С. 173-174.
Матлаби бештар ин ҷост: Донишманди асил
Таҳияи Саодат Қодирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ