Марҳабо Ҷабборӣ аз ҷумлаи олимаҳои кишвар аст, ки дар баробари комёбиҳои назаррас дар пажуҳиши забоншиносӣ дар вазифаҳои давлатӣ низ кор карда, то ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Вале ҳамеша ҷӯёву пӯёи илм будааст ва дар мавзуъҳои забоншиносии муқоисавӣ пажуҳишҳои арзишманде доштааст.
Марҳабо Ҷабборӣ 19 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодом дида ба олам кушодааст. Доктори илми филологӣ (2005), профессор (2007). Факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Хуҷандро (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров) соли 1980 хатм карда, чанде дар кафедраи инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии он дарс додаст.
Солҳои 1981-1996 дар Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ба сифати муаллими калон, дотсенти кафедраи филологияи рус фаъолият намуда, солҳо 1996 -2003 дотсенти кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумӣ, ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон, солҳои 2003 -2010 ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, солҳои 2010-2013 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2013 то моҳи январи соли 2016 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бобати тафсири муқоисавӣ-типологии сифати феълӣ дар ин забонҳо таҳқиқот анҷом додааст. Теъдоди таълифоташ ба сад мерасад.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Марҳабо Ҷабборӣ ин асарҳо қобили дарёфтанд:
Сопоставительно–типологическая характеристика системы причастий в таджикском и русском языках. – Душанбе, 1999.
Переход причастий в прилагательные в русском и таджикском языках. – Душанбе, 1999.
Переход причастий в имена существительные в русском и таджикском языках. – Душанбе, 2000.
Система причастий в русском и таджикском языках. – Душанбе, 2003.
Межкатегориальные связы в системе неличных форм глагола: на материале русского и таджикского языков: Диссертационные доктора филологических наук. – Душанбе, 2005.
Система неличных форм глагола в русском и таджикском языках. – Душанбе, 2005.
Гунанокии вожаҳо дар осори тарҷумавии асри ХХ. – Хуҷанд, 2014.
Таҳияи Парвина Қаюмова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ