Азизон дарду доғеро набинанд...

      Китобҳои зиёдаш ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Субҳи баҳор» (1964), «Асрори як мактуб» (1965), «Ҷавониро месароям» (1970), «Гунбади сеҳрнок» (1974), «Суруди зиндагӣ» (1976), «Хандаи бахт» (1979), «Хандаи иқбол» (1981), «Хатои охирин» (1984) ва ғайра мебошанд.

   БУРҲОН ФАРРУХ (Маҳкамов Бурҳон) 10 августи соли 1929 дар деҳаи Саримазори ноҳияи Конибодом зода шудааст. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Чанде дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои зодгоҳаш дарси забон ва адабиёт гуфтааст. Солҳои 1950-1953 дар хизмати ҳарбӣ будааст. Баъдан дар созмонҳои ҳизбӣ вазифаҳои гуногунро адо кардааст. Соли 1956 котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1957 муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва моҳномаи «Машъал» будааст. Муддате мудирии шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ҷонишинии сармуҳаррири нашриёти «Маориф»-ро бар уҳда доштааст.

   Китобҳои зиёдаш ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Субҳи баҳор» (1964), «Асрори як мактуб» (1965), «Ҷавониро месароям» (1970), «Гунбади сеҳрнок» (1974), «Суруди зиндагӣ» (1976), «Хандаи бахт» (1979), «Хандаи иқбол» (1981), «Хатои охирин» (1984) ва ғ. мебошанд.

   Ба русӣ маҷмӯаҳои «Поэма о слепом друге» (1969) ва «Мелодия молодости» (1984)-аш чоп шудаанд. Иддае аз шеърҳояш ба бисёр забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби «Гунбади сеҳрнок» (1983) ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва мунташир гардидааст.

   Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ сарфароз гардидааст.

   Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

  15 июли соли 1995 аз олам даргузашт.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Бурҳон Фаррух ин матлабро ҳам суроғ кунед:

Субҳи баҳор / Муҳаррир М. Фарҳат. – Душанбе: Нашрдавтоҷик, 1964. – 82 с.

Асрори як мактуб / Муҳаррир Ш. Нодир. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 137 с.

Бо табассум: Шеър // Сайри лола. – Душанбе, 1970. – С. 32.

Гунбази сеҳрнок: Маҷмуаи шеърҳо, сурудҳо, достонҳо. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 127 с.

Суруди зиндагӣ: Сурудҳо, шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 112 с.

Нури Октябрь: Шеър // Шасти инқилоб. – Душанбе, 1977. – С. 66-67.

Чаро дастат раҳо кардам; Ҳусни ҷавонӣ: Шеърҳо // Дар обу оташ. – Душанбе, 1978. – С. 47-49.

Баҳор: Шеър // Наврўзӣ. – Душанбе, 1981. – С. 154-155.

То ғуруби офтоб: Сурудҳо, шеърҳо, достон. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 127 с.

Хатои охирин: Сурудҳо, шеърҳо, достонҳо. – Душанбе: Маориф, 1984. – 160 с.

Иқбол: Порча аз достон // Машъал. – 1981. – № 4. – С. 8.

Ҷавони ҷаҳонпаҳлавон; Дар хизмати Ватан; Шўҳрат афзо шуд: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1982. – 5 феврал.

Тиллокорон: Порча аз манзума бахшида ба ветеранҳои меҳнат Энаҷон Бойматова ва Адолат Исоева // Занони Тоҷикистон. – 1983. – №11. – С. 12.

Тути калони ҳавлӣ: Шеър // Машъал. – 1984. – №9. – С. 6.

Арўси гулъузор омад; Наврўзӣ муборак: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 22 март.

Давоми зиндагониям туӣ, ту; Модари мушфиқ – Ватан; Ватан нозанин аст: Шеърҳо // Машъал. – 1986. – №12. – С. 2.

Сарвари мо Партия: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1987. – 22 апрел.

Табассум менамуд ғунча; Файзи саҳар: Шеърҳо // Садои мардум. – 1992. – 5 декабр.

Нигорам шод меояд: Шеър // Паёми Душанбе. – 1993. – 21 июл.

Азизон дарду доғеро набинанд: Шеър ба собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Акрамов Ф. // Садои мардум. – 1994. – 26 феврал.

Тарҷумаҳо

Танк, М. Гулистони саодат: Шеърҳо // Гулистони саодат. – Душанбе, 1965. – С. 11-66.

Шўҳрат. Мўйсафед: Шеър // Навои кишвари зархез. – Душанбе, 1968. – С. 120-125.

Сарян, Г. Гулнора: Шеър // Паёми дўстон: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе, 1970. – С. 111-116.

Бегхожин, Х. Ба дўсти тоҷикам: Шеър // Меҳрнома. – Душанбе, 1974. – С. 107-109.

Эльназаров, Н. Рўди қадрдон; Дар водии зебо; Кўҳҳо; Ман-коргар; Кўчаи Навоӣ; Байроқи зафар; Нидои беша; Ситоиши зебоӣ: Шеърҳо // Шеърҳо. – Душанбе, 1977. – С. 56-69.

Милн, А. А. Винни-Пух ва дўстони ў: Повест-афсона. – Душанбе: Маориф, 1980. – 216 с.

Асаналиев, Б. Шодӣ: Шеър // Галаситора. – Душанбе, 1981. – С. 202-203.

Квливидзе, М. Се қатра борон: Шеърҳо барои синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1982. – 64 с.

Исаакян, А. С. Дили ман дар фарози кўҳсор аст: Шеърҳо барои бачагони синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1983. – 80 с.

Зиётой, А. Низомӣ: Шеър // Китоби дўстӣ: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе, 1989. – С. 283.

Алиёрбойлӣ, Ф. Дар Кремл: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1969. – №10. – С. 7.

Украинка, Л. Афсонаи куҳан: Порча аз ҳамин ном достон // Занони Тоҷикистон. – 1971. – №3. – С. 18.

Фофанова, М. Оби ҳаёт: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1972. – №7. – С. 13.

Назармат. Рўди қадрдон; Байрақи зафар: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 23 январ.

Столяров, В. Бачагон ба разведка мераванд: Достон дар бораи Қахрамони Иттифоқи Советӣ, Лётчики Кайҳоннавард К. П. Феоктистов // Машъал. – 1978. – №11. – С. 8-9.

Огнецвет, Э. Шинели падар: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1980. – 25 май.

Назармат. Меҳрам – муҳаббатам: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 12 сентябр.

Исаакян, А. Нидои ҷангӣ; Бархез!: Шеърҳо // Пионери Тоҷикистон. – 1982. – 9 май.

Квиливидзе, М. Ба насли оянда: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 26 июн.

Фофанова, М. Пиёлаи тоҷикӣ: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1984. – №10. – С. 13.

Таҳияи Истампулод Ормонов

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ