Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ моҳи апрели соли 2012 таъсис ёфта, бо воситаҳои муосири технологияи иттилоотии раванди китобдорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шуъба ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷў ва дастрасии муштариён ба маҷмўи иттилооти китобдорӣ машғул буда, барномаҳои иттилоотии амалкунандаро таъмин менамояд ва истифодабарандагонро бо шабакаи
Романи таърихии Давлатшоҳи Тоҳирӣ «Сапитамон – Рухшона – Искандар» муборизаи қаҳрамонони тоҷик: Сапитамон, Рухшона, Датафарн, Фаридун, Апома ва дигаронро якҷоя бо халқи меҳнатӣ алайҳи адўи румӣ дарбар мегирад ва дар хусуси ҷангҷўёни яғмогари румию юнонӣ бо сарварии Искандари Мақдунӣ, ки ба марзи халқҳои машриқзамин бадаҳдона доҳил шуда, ҷону мол ва фарҳангу улуми ниёгонро ба тороҷ бурдаанд, нақлхои дилписанд мекунад.
Бовар ҳаст, ки нахустин қадами Давлатшоҳи Тоҳирӣ дар жанри румони таърихӣ писанди хонандагони адофаҳм мегардад. Чунон,
Ин китобест, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст. Ва аслан аз матолиби Сеюмин симпозиуми байналмилалии Фалак мураттаб шудааст. дар сарсухани китоб мураттибон менависанд: Сеюмин фестивал-симпозиуми ФАЛАК анъанаи форумҳои пешинаро, ки ба ин падидаи зебои мусиқии куҳистони тоҷик бахшида шуда буданд, идома медиҳад. Дар баробари ин форуми мазкур ба пешвози Рўзи ФАЛАК гузаронида шуда, анъанаи наверо пойдор менамояд. Месазад, ки минбаъд идҳои Рўзи ШАШМАҚОМ (12 май) ва Рўзи ФАЛАК (10 октябр) ҳамин тавр пуршукўҳ таҷлил гарданд.