Аз таваллуди мутафаккири бузурги олмонӣ Иоҳанн Гёте моро 270 сол ҷудо мекунад. Ва ин беш аз дусад сол пеш марде дар қалби Аврупо шефтаи Шарқ ва адабиёти Шарқ буд, бо ғазалиёти Ҳофиз ишқ меварзид, дар пайравӣ ба он эҷод мекард. Шарқро, Ҳофизу Саъдиву Мавлоноро ва моро ба ғарбиён ошно мекард. Аз ин нобиғаи нотакрор ва ин ошиқи Шарқи афсонавӣ асарҳои зиёде боқӣ монда, ки борҳо ба забонҳои гуногуни олам, аз ҷумла тоҷикиву форсӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Гёте Иоҳанн Волфганг шоир ва мутафаккири олмонӣ
Китоб сарчашмаи илму дониш ва маърифат аст. Он нерўи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ мебошад. Китоб ин дўсти мўнису ғамхоре мебошад, ки моро аз гаҳвора то синни пиронсолӣ роҳнамоӣ менамояд. Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобдўст буд, ин буд, ки дар тўли таърих аҷнабиён тамоми боигарии халқи тоҷикро ба тороҷ бурда, дар назди фарҳангу адабиёти он оҷиз мондаанд. Ва метавон гуфт, ки фарҳангу адабиёти миллати тоҷик бар сари ин аҷнабиён дастболо шудааст. Онҳо ҳатто тарзи давлатдории тоҷиконро омўхта, онро ҳамчун беҳтарин тарзи давлатдорӣ эътироф намуда, дар давлатдории худ