Activities calendar

06 августа 2019

90 СОЛИ КИНОИ ТОҶИК: Филми бадеии «Зумрад»

   Нақшофарии самимонаву басо ҷаззоби ҳунармандони шинохта Тамара Кокова, Сталина Азаматова, Туҳфа Фозилова, Яъқуб Ахмедов, Аслӣ Бурҳонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Т. Эшонхоҷаев, Абдулхайр Қосимов, Абдулҳамид Нурматов, Абдусалом Раҳимов. Ин филмро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тамошо кунед.

    Дар филми «Зумрад»  (коргардон  Абдусалом Раҳимов,  Александр Давидсон, муаллифони 

Шоир дар бораи шоир

    Китобе, ки дар борааш мехоҳем қисса кунем ва шумо, хонандагони азизро ба мутолиаи он даъват намоем, “Ҳадяи бобо” ном дорад ва муаллифи он Убайд Раҷаб – яке аз беҳтарин шоирони муосири мост, ки миёни бачаҳо аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ин китобро ду сол баъди марги шоир нашриёти “Адиб” чоп кардааст ва гуфта мешавад, ки охирин китобе буда, ки муаллиф омодаи чоп карда буд.

   Суханро дароз намекунем,  дар зер порае аз навиштаҳои ҳамқалами устод Убайд Раҷаб ва шоири шинохтаи бачаҳо Ҷӯра Ҳошимиро иқтибос меорем, ки дар сароғози “Ҳадяи бобо” омада.