Таърих гувоҳи ҳар ҳодисаву рўйдодҳои гуногун дар курраи олам намегузорад, ки касе онҳоро инкор кунад. Боиси фахри тамоми мардуми бошараф, бохирад, бофарҳангу ботамаддуни тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Поягузори ин ҳама оромиву осоиш, амният ва мулки ободу зебо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Солҳои 1991-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷа бештар аз 150 ҳазор нафар бегуноҳ ҷони худро аз даст