Суол ва ҷавоби зиндагиномаи Пешвои миллат

   Таърих гувоҳи ҳар ҳодисаву рўйдодҳои гуногун дар курраи олам намегузорад, ки касе онҳоро инкор кунад. Боиси фахри тамоми мардуми бошараф, бохирад, бофарҳангу ботамаддуни тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Поягузори ин ҳама оромиву осоиш, амният ва мулки ободу зебо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

   Солҳои 1991-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷа бештар аз 150  ҳазор нафар бегуноҳ ҷони худро аз даст додаву бештар аз 60 хазор нафар кўдак ятиму бепарастор, зиёда аз 25 ҳазор нафар зан бешавҳар монда, ҳазорон хонаҳои иқоматӣ ба коми оташ фурў рафт. Тибқи маълумоти мавҷуда ҷанги дохилии Тоҷикистон дар маҷмўъ 1880 рўз давом кардааст.

    Амалӣ гардидани ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу осоиш дар Тоҷкистон созандагиву бунёдкорӣ дар таърихи даврони истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон саҳифаҳои тоза ва рангинеро боз намуд. Рушду тараққиёте, ки дар тўли 30 соли соҳибистиқлолӣ бо заҳматҳои шабонарўзии Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҷаҳони муосирро ба ҳайрат овард. Далели барҷастаи ин гуфтаҳо баҳои собиқ Дабири Кулли ССМ Кофи Аннан аст, ки гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат сабақи беназир дорад ва дар ин раванд нақши Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст».

   Маҳз хидматҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷкистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун шуд ва миллати парокандаи он дубора соҳибватан гардид. Ваҳдати тоҷикон омили наҷот ва бақои давлату миллати мо гашт. Пас, мебояд ба он арҷ гузорем ва барои ҳифзу таҳкимаш пайваста талош варзем. Тоҷикистон ба мулки озоду обод ба кишвари бузургони равшанзамир ва ватандўст табдил ёфтааст. Зеро Ҷаноби Олӣ, Пешвои вақеии миллат тавонистанд ҳамчун Сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо ақлу заковат ва давлатдории хирадмандонаи худ саросари курраи замин муаррифӣ намояд.

   Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсти тоҷикро зарур аст, ки каҳрамониҳои фарзанди фарзонаи миллат ва Пешвои муаззами он муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро донад ва ба онҳо арҷ гузорад. Китобчаи “Пешвои миллат”, ки сарсухани онро то ин ҷо мутолиа кардед, маҷмўи саволу ҷавобҳоро дар бораи зиндагинома ва корномаҳои Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад.

   Ин китоб аз ҷониби Камолиддин Каримов ва Фирдавс Арбобов мураттаб гардида ва соли ҷорӣ чоп шудааст.

   Китобро метавонед аз толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа намоед.

Таҳияи Меҳрангез Наврӯзшоева,

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти

фаъолияти китобдорӣ