Моҳҳои сентябр ва октябри соли равон 11 ҳазору 429 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд, ки назар ба ҳамин моҳҳои соли 2016 3 ҳазору 618 нафар зиёд мебошад.
Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзи ин ду моҳи охир Китобхонаи миллӣ соҳиби 190 нафар хонандаи нав шудааст.
Моҳҳои сентябр ва октябри соли 2016 дар маҷмуъ 7811 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуда буданд.
Шумори умумии хонандагони доимии Китобхонаи миллӣ ба 134743 расидааст.
Абдуғаюр Саломов,
мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ