Даъвати донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ба Китобхонаи миллӣ

Чорабинии навбатии «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» баъди зуҳри имрӯз, 27-уми апрел дар толори Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мулоқот ҷамъе аз донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи миллӣ гирд омаданд ва дар бораи Китобхонаи миллӣ ва шароитҳои он маълумоти муфассал дарёфт карданд.
Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов дар бораи ҳадафи мулоқот бо хонандагон ибрози назар кард ва гуфт, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон калонтарин муассисаи илмӣ  ва таълимии кишвар аст ва дар миёни хонандагони Китобхонаи миллӣ донишҷӯёни факултаҳои гуногуни Донишгоҳи миллӣ хеле зиёданд. Вай ҳамчунин гуфт, ки танҳо дар семоҳаи аввлаи соли равон 3108 нафар аз ҷумлаи донишомӯзони Донишгоҳ ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. 
Сардори шуъбаи илми-таҳқиқотӣ Ҷамил Валиев дар бораи Китобхона ва ташрифи донишҷуён маъруза кард.
Сардори шуъбаи хизматрасонии махсус  Фотима Ёқубова дар бораи шуъбаи худ ва чорабиниҳои ҳармоҳаи он барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд нақл кард.
Дар қисми дуюми барнома сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Назира Толибова дар бораи хизматрасониҳои шартномавӣ ва Фаридун Азизов дар бораи толорҳои хониш бо истифода аз асбобҳои аёнӣ маълумот доданд.
Барно Самиева дар бораи варакахои таблиғотӣ мухтасар маълумот дод ва намунаҳо аз онҳоро миёни ширкаткунандагон тақсим кард.
Дар поёни нишаст ҳамчунин миёни кормандони Китобхона ва донишҷӯён табодули афкор дар бораи дирӯз, имрӯз ва фардои Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. 

МАЪЛУМОТНОМАИ  МО

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз қадимитарин ва бузургтарин муассисаҳои илмиву таълимии кишвар аст, ки беш аз 2 ҳазор нафар устодону кормандон ва беш аз 20 ҳазор нафар донишҷўёнро муттаҳид мекунад.
Имрўз дар 18 факултаи донишгоҳ бо фарогирии 93 ихтисос донишҷўён ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Таҳсил ҳам бо усули анъанавӣ ва ҳам бо усули кредитӣ ба роҳ монда шудааст.
Синфхонаву озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо технологияи навтарин, хобгоҳҳои замонавии донишҷўёну аспирантон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаҳои хизматрасонии фарҳангиву маишӣ дар ихтиёри донишҷўён қарор доранд.
Дар Донишгоҳи миллӣ қариб  600 нафар устодони унвони илмидошта фаъолият мекунанд, ки аз онҳо қариб 200 нафарашон академикҳо, профессорону докторони илм мебошанд.