Атфол дар маҳфили “Дастони моҳир” Харгӯшакро сохтанд
Нашр шуд 2016-03-09 17:49
Мавзуъи маҳфили навбатии “Дастони моҳир” “Харгӯшак” буд. Ин маҳфил то зуҳри имрӯз дар толори хониши атфол баргузор шуд ва ташкилкунандагон аз афроди ширкаткунанда хостанд маҳорати худро барои сохтани харгӯш ба кор баранд. Харгӯш ҷонварест, ки дар бисёр афсонаҳои қадимиву имрӯз ҳузур дорад ва офаридани образи ӯ барои кӯдакон чандон мушкил ҳам нест. Хоса дар ин рӯзҳо, ки баҳор меояд ва табиат зинда мешавад. Дар бисёр расмҳо мебинем, ки харгӯш дар сабзазору паси буттаҳо мегардад ва ин низ чун рамзи баҳор дар хотири ҳамагон нақш бастааст. Шарт он буд, ки на расм, балки худи харгӯшро аз коғаз месохтанд. Коғазҳои ранга, қайчиву қалам ва дигар ашё ба ихтиёри хонандагон гузошта шуд ва онҳо маҳорати худро санҷиданд. Ҳадаф он буд, ки сатҳи тахайюли атфол дониста мешуд, ки харгӯшакро чӣ гуна тасаввур мекунанд. Ва сохтанд, ҳар кадом бо шеваи худ ва аз диди худ. Хеле ҷолибу диданӣ, дунёи рангини тифлӣ дар офариниши ин образи машҳур эҳсос мешуд. Маҳфили “Дастони моҳир” ҳар ҳафта баргузор мешавад ва ширкаткунандагонаш ҳар бор дар як мавзуъ супориш мегиранд ва иҷро мекунанд.