Маҳфили имрӯзаи “Дастони моҳир” аз суҳбати чатр оғоз шуд. Чатр ва боз ҳоло ки борон ҳам гоҳ ҳасту гоҳ нест. Вале одамон дар тобистони гарм барои ҳимояи пӯсти худ аз чатр истифода мебаранд. Ҳарчанд чатри борониву офтобӣ фарқ мекунад ва мухлисону ҳаводорони чатри офтобӣ назар ба чатри боронӣ ба маротиб камтаранд.
Рӯзи борони шадид марзу зан ё тифли бечатрро камтар мебинем. Вале дар гармои тобистон чатрпӯшони офтобӣ ба ҳадде каманд, ки гӯё набошанд.
Вале бо вуҷуди набудани борон мавзуъ дигар нашуд. Ба бачаҳо сохтани чатр супориш шуд. Албатта, бо тавсияҳои муаллим.
Дар оғоз чун анъанаи дарсҳои гузашта муаллима пеш аз оғози барнома ба онҳо дар пайдоиши борон, фаслҳое, ки он зиёд меборад ва шиддати борон кай чӣ гуна аст, қисса кард.
Зимни ин гуфт, ки одамон барои наҷот аз таршавӣ чатр мегиранд ва бачаҳо ҳам гуфтанд, ки дар хонаашон ҳама, аз ҷумла худи онҳо чатр доранд, ки рӯзҳои боронӣ ба сар мегиранд. Ана ин оғоз ба супориш буд.
Муаллима гуфт, ки чун ҳама чатр, ки дошта бошед ва зарурати онро донед, пас чатри хонаи худ ва ё ҳар чатри дигарро худатон ё рассомӣ кунед ё бисозед.
Бачаҳо аз коғазҳои ранга ва пахтаву дигар масолеҳи мавҷуд чатр сохтанд, баъзеҳо қатраҳои боронро низ дар болои чатри худ ҷо доданд.
Ва чун чатри сохтаи бачаҳо бо рангу намуд ва сохтусозаш аз ҳам фарқ мекард, онро чунин номиданд: “Чатри рангоранги ман”.