Соли наватон муборак!!!
Дӯстони азиз, хонандагони сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон!
Ҳамагӣ чанд соати дигар боқӣ монда, ки мо бо соли куҳан падруд гӯем ва ба истиқболи Соли нави 2017 шитобем.
Дар сар то сари олам садои гулҷӯши табрикоти солинавӣ мавҷ мезанад ва мо низ ҳамаи Шуморо ба ин муносибат муборакбод мекунем. Бароятон дар Соли нав беҳтарин хушиҳои оламро таманно дорем.
Бардоштҳо аз як соли рафтаро дар аввалин фурсат ин ҷо хоҳед хонд. Яъне, ба Шумо хоҳем навишт, ки дар як сол дар сомона Шумо чӣ хондед ва мо ба чӣ комёб шудему ба чӣ на.
Ҳоло бошад, дар дақиқаҳои охир ин чанд пора шеърро аз саҳифаи Фейсбук гулчин кардем ва чун табрикоти солинавии худ бароятон пешкаш мекунем.
Соли наватон муборак!!!
Рустам Ваххоб
СОЛИ НАВ
Пок чун домони Марям
Дашту саҳро,
Пар кушода кафтарони барф
Аз кафи дасти Масеҳо.
Шаҳр дар озини симин аст,
Сарви майдон зери бори меваи шодоби заррин
аст.
Моҳ гӯё байза бинҳода,
Дар таҳи арча –
Дар сари ҳар чорсӯ – як хирман афлесун.
Бӯйи арча, бӯйи афлесун
Медамад то осмон афсун,
Ёдҳои кӯдакию навҷавониро
Зинда месозад ба дилҳо.
Ҷашни Мелод аст, ё Эҳё?
Пеш аз ин раҳгузар аз раҳгузар гӯгирд мепурсид,
Ҳол мепурсад:
«Бародар, барқ доред?».
Ҳиммати олӣ,
нуктадонем,
Барфро дар дафтари анбори кӯҳистон
Барқ мехонем,
Қалбҳо чун чархаи неру,
Қалбҳо дар синаи дарёст.
Соли нав дар асл танҳо як баҳонаст,
То бигӯйӣ ҳамдилеро, ки «сарат сабзу
саломат бод!».
Соли нав дар асл танҳо як фасонаст,
То ҳақиқатхастагон ҷӯянд аз афсона
имдод…
Пойи сабзи ҳақ ниҳода нақш дар иқлими
тақвим,
Дасти сабзи сарви мину рост сӯйи ҷовидон аст,
Бахтатон сабзу ҷавон бод,
Соли Нав –
Соли Ҷавон аст.
Yaqoub Saffar:
Кош Бобобарфие аз раҳ расад,
Бо ароба аз канори маҳ расад.
Халтае аз шодиву аз ханда пур,
Як қанори бовар аз оянда пур.
Гармиҳо саршор, торикӣ ба дур,
Эҳ ҳамин ду рӯи торикӣ ба гур!
Рушанӣ лабрез, мо ҳам бодарез,
Дасти худро дар раҳи афтода рез.
Нарх номаш гум, фаровонӣ шавад,
Меҳрубонӣ, хуби арзонӣ шавад.
Қанд дорад, панд дорад беҳисоб,
Барқ дорад, чанд дорад? Беҳисоб!
Халтаи пурро нисори мо кунад,
Куҳнаро дар халтаи худ ҷо кунад.
Мардикоре турба бар китфон бувад.
Беҳтарин Бобои Барфӣ он бувад.
Пул меборад ба ҷои барфҳо.
Худ ҳамин беҳтар ба ҷои ҳарфҳо.
Нуралӣ Нурзод:
Аз пушти дара барфи сапед омадааст,
То бар сари шохасори бед омадааст.
Дарвозаи дил кушо ба истиқболаш,
Соли нави мо ҳам ба умед омадааст.
Эй кошки соли нав биёрад шодӣ,
Сад боғ шукуҳу сад замин ободӣ.
Гардида ба омад омадои аҷабаш,
Хонем барои ҳам муборакбодӣ.
Мурғе ба сари шохаи бед омадаст,
Дар лаб ғазали сабзи умед омадааст.
Ҳар лаҳза суруди соли нав мехонад,
Чун бо пару бо боли сапед омадааст.
Ва инак, моему гулҷушиву гулбезӣ ва гулрезии ҳазорон орзуву умед дар истгоҳи соле, ки меравад ва соле, ки ворид мешавад. Ин гоҳ ва фурсатҳои ҳузури боз як замонаи сапеду рӯшан ҳамеша шавқҷӯши таманноҳост ва хостгоҳи милёнҳо дархост ва ормонҳое, ки дар фосилаи 365 рӯзи дигар бояд дар меҳвари амал қарор бигиранд ва зиндагониро рангину гуворо созанд. Ва пушти девори соатҳову сонияҳои дигар соли нав ҳам бо умедҳои зиёде дари моро мекубад, то бо ваҳдати ормонҳои ҳамдигар вуҷудашро муҷаллову рӯшан гардонида, дар саҳифаҳои таърих нақши зарҳалӣ бибандад, чун ҷилову нусрат ва шарофату саодат ва наҷобати солҳо ҳамеша бар пайкорҳои мо сахт марбут аст.
Умедворам, ки ваҳдати орзуҳову ормонҳо ва ниятҳои ҳамаи мову Шумову Соли нави милодӣ як фосилаи воқеан гулҷӯшу рангобарангу мубарҳану музайянро дар рўзгорамон нақшбандӣ бикунад, то пас аз 356 рўзи дигар боз ҳам бо кӯлбори аз ин бештари ниёишҳову таманниёт барои ҳамдигар бо сабки нав ба қавли мардуми шарифамон муборакбодӣ хонем. Худованди бузург ҷамъи моро бидуни парешониву каммиву костӣ то соли дигар бирасонад ва ҳамагон дар доиман дар баҳористони муроду ормонҳои хеш иқомат дошта бошед, дӯстони азиз.
Соли нав, иқболи нав ба ҳамагон хуҷаста бошад!
Озарахш:
Парвозарез симу зар аз барф, барфи ишк,
Оинадор бому дар аз зарф, зарфи ишк
Марлум раҳи умед ба шодӣ гирифтаанд,
Афсоназор баҳру бар аз тарф, тарфи ишқ
Исонафас биё, ки ба арши фариштаҳо,
Доман кашида зебу фар аз жарф, жарфи ишқ,
Эй навниҳол, пираҳану пайкарат сапед,
Бар гарданат сапедатар аз шарф, шарфи ишқ
Хар соли нав чу муждаи нав ояд, Озарахш
Аз номи ёр, номагар аз харф, харфи ишк!