Дар аввалин моҳи соли равон 3260 нафар ба узвияти Китбхонаи миллӣ пазируфта шудаанд
Нашр шуд 2017-02-07 13:14
Дар аввалин моҳи соли ҷорӣ 50 нафар меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан кардаанд ва бо шароитҳои он ошно шудаанд.
Моҳи январи соли равон 3 ҳазору 260 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 692 нафар зиёд аст.
Таҳлилҳо ҳокӣ аз онанд, ки бо ин суръат афзудани сафи хонандагони тозааъзо метавонад то охири сол шумори касонеро, ки узви нави китобхона мешаванд, ба 34 ҳазору 584 нафар расонад.
Дар моҳи аввали соли равон омаду рафти хонандагони доимии Китобхона низ ба маротиб афзудааст. Чунончӣ, агар моҳи январи соли 2016 42 ҳазору 575 нафар вориди китобхонаи миллӣ шуда бошанд, пас моҳи январи имсол ин рақам ба 52 ҳазору 289 нафар расид, ки дар қиёс ба як соли пеш 9 ҳазору 714 нафар зиёд аст.
Тибқи омори Шуъбаи Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ моҳи аввали соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди сайру саёҳати Китбхона карда 292 нафар афзудааст ва 50 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.