Тифлон дар китобхона. Оё мо метавонем фарзандони худро ба китоб ҷалб кунем? Метавонем дар замоне, ки компютеру ойфону планшету боз садҳо номгӯ аз комёбиҳои илмиву техникии башар таваҷҷуҳи афтфолро ҳам ба худ кашидааст, онҳоро ба китоб раҳнамоӣ созем? Магар метавонад дар замони рушди коммуникатсия китоб боз ҳам барои инсони оянда “аниси кунҷи танҳоӣ” бошад?
Гуруҳе аз тифлакони мактаб-кӯдакистони рақами 111 дирӯз, ҷумъа меҳмони Китобхонаи миллӣ буданд. Як дарси хеле омӯзишӣ онҳоро интизор буд. Ҳунармандони театри Лухтаки шаҳри Душанбе бо саҳнаҳои ҷолибу шавқовар маҳфили атфол-меҳмонони хурдсоли Китобхонаро нуру зиё бахшиданд.
Ин саҳнаҳо дар ҳар мавзуъ буданд, вале ҳамагӣ тарғиби ахлоқи наку, робита бо китобу китобхонаро таҷассум мекарданд.
Ба тифлон дар бораи фазилати китоб бо забони онҳо гуфтан хеле мушкил аст, чуноне дар ҳар мавзуъ суҳбат кардан аз мураббӣ маҳорату истеъдод мехоҳад. Шеваи бархӯрд бо хонандаи хурдсол низ маҳорат мехоҳад.
Аммо саҳнаҳои он рӯз ва ошноии тифлакони боғча бо китобҳои гуногун, ки бо низом дар рафҳо чида шуда буданд, нишон дод, ки дар Китобхонаи миллӣ афроде кор мекунанд, ки забони ин хурдтараконро донанд ва бо ҳамон лаҳни ширин барояшон ҳикояти китобу китобхонӣ кунанд.
Дар толори адабиёт барои атфол ва наврасон ҳамеша чунин чорабиниҳои хотирмон доир мешаванд ва ҳадаф ҷалби бачаҳо аз хурдсолӣ ба хондани китоб аст. Аммо аз ин гуна дарсҳо бояд қабл аз ҳама волидон бохабару баҳравар бошанд, то фарзандонашонро ба китобу китобхонӣ талқин кунанд.
Китоб нури хирад аст ва ҳар касе иртибот бо китоб ёфт, дунёи маънавии ӯ саршор аз маънавият мегардад.
Китоб раҳномост ва ҳар тифле агар аз ин синну сол роҳи китобхонаву китобро ёфт, ин роҳро умре гум нахоҳад кард.
Ин нуктаро кормандони ин шуъба хеле хуб дарк мекунанд ва роҳандозии нишасту мулоқот бо хонандагони худсолро як барномаи ҳамешагӣ ва ҳармоҳаи худ кардаанд.