Гул дар тасаввури атфол

Саҳар шуд, субҳидам шуд, лола сар зад,

Бунафша хайма дар куҳу камар зад.

Гули савсан ,бирав хоке ба сар кун,

Ки наргис тоҷи султонӣ ба сар зад.

   Баҳор омад ва як нишони он гулу сабза аст. Имрӯз олами атрофро саропо шукуфон мебинем. На танҳо дашту даман қабои сабз ба бар мекунад, балки шаҳриён низ аз гулҳои шукуфони сари роҳу раставу гулгаштҳо лаззат мебаранд. Бахусус ҳамин рӯзҳо, ки ҳамагон ба омад-омади Наврӯзи гулфишон омодагӣ мебинанд.

   Мо дарахтонро мебинем, ки ғарқи гул шудаанд, дар саҳро лоларо мебинем, ки майли шукуфтан дорад. Гулҳои куҳистон ҳам яке паси дигар мешукуфанд. Манзараи дилфиреби табиат аст ин. 

   Оё бачаҳо ин ҳамаро мушоҳида мекунанд ва мебинанд? Ин аввалин суоле буд, ки дар маҳфили «Дастони моҳир» матраҳ шуд. ва албатта, посух мусбат буд. Охир кӣ гулро надидаву начидааст? Ва мо ҳам мавзуъи маҳфилро гулҳои баҳорӣ номидем, то ба бачаҳо аз гул бигӯему аз онҳо аз гул шунавем. Бачаҳои маҳфил номи гулҳои аввали баҳорро медонистанд: бойчечак, сиёҳгуш, қоку, лола, наргис, бунафша ва ғайра. Вале на ҳама дар бораи ин гулҳо маълумоти кофӣ доштанд. Зарур омад мураббиҳо атрофи мавзуъ бо ширкаткунандагон баҳс кунанд.

 Ва баъдан шуруъ шуд сохтани гул аз коғазҳо ва кашидани расми гул. Ва шеърхонӣ ҳам дар мавзуъи гулу сабзаву баҳор…

 Фирӯза Раҳимова

мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон