Кабутари сулҳ дар маҳфили “Дастони моҳир”

 

 

                              Кабутари сафед – сулҳ.
                               Нишонаи умед – сулҳ.
                               Ба хоби шаб кабутарон
                               
Ҳама аз амният нишон.

 Маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи кабутари сулҳро интихоб кард ва ин бесабаб ҳам набуд. Мо дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва кабутар худ рамзи сулҳу ваҳдат аст.
      Дар оғози маҳфил  муаллима ба хонандагон  дар бораи кабутар ва рамзи сулҳ маълумот дод. Хонадагон дар  бораи кабутар шеърҳо хонданд ва бо ин нишон доданд, ки рамзи сулҳу осоиш будани кабутарро медонанд ва дар суҳбат, ки ба таври суолу ҷавоб сурат гирифт, онҳо аз нақли волидонашон ва хонандагон аз китобҳо гуфтанд, ки кабутар ягона парандаест, ки номашон  аз сулҳу осоиш ва осудагӣ паём мерасонад.

Баъдан ба ширкаткунандагони мааҳфил супориш шуд, ки расми кабутарро тавре худашон тасаввур мекунанд, наққошӣ кунанд ва ё аз коғазҳо бисозанд. 

Натиҷаи кори иштирокдорони маҳфили “Дастони моҳир”-ро дар  расмҳо мебинед.

 Замира Давлатова,

  Мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон