Маснавии «Каломи Мавлавӣ». Дафтари ҳафтум

 

 Таманнои муридӣ ба Мавлавии бузургвор ва пайванди эҷодӣ бо ашъори оламшумули ў дар дили бас қаламкашон мисли баҳри пуртуғён дар ҷўш аст, ки адиби тоҷик, сареҳтараш ҳамдиёри Ҷалолуддини Балхӣ – Одина Раҳмон, яке аз онҳост. Дар қалби ў ин ошиқиву дилдодагӣ ба дараҷаест, ки умед дорад, достонҳое дар пайравии Мавлавӣ эҷодкардааш «Маснави маънавӣ»-ро боз ҳам комилтар хоҳанд кард.

 Чӣ ҳам метавон гуфт, орзуҳову умедҳои ширин дар ҳеҷ сину со лайб нест. Ба муалиф баҳо додану дар ин роҳи сафед хостан дар ихтиёри хонандаи арҷманд боқӣ мемонад. Танҳо ин монда, ки муаллифро бо истифода аз маълумоти ом ада дар китобаш муаррифӣ кунем:

  Одина Раҳмон 10 августи соли 1962 дар деҳаи Сарёзии Миёнаи ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кўлоби вилояти Хатлон дида ба олами ҳастӣ кушодааст.

 Мактаби миёнаи зодгоҳашро соли 1979 хатм карда, ҳамон сол шомили омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ – равшаннамойи ноҳияи Ленин шуда, соли 1982 бо дипломи аъло хатмаш кардааст. Донишгоҳи давлатии Кўлобро низ (2008) бо дипломи аъло фарҷом бахшидааст. Аз феврали соли 1982 то апрели ҳамон сол дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Кўлоб ба ҳайси асистенти режиссёр кор кардааст.

 Солҳои 1984-1987 китобдори китобхонаи дехашон буда, солҳои 1987-1990 дар Ансамбли тарона ва рақси «Кўлоб-и» хоҷагии ба номи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси ровӣ ва барандаи барномаҳои базмӣ кор кардааст.

 Солҳои 1990-1993 дар Кумитаи садов а симои вилояти Кўлоб, солҳои 1993-2001 дар Қасри фарҳанги Кооперативи истеҳсолӣ- тиҷоратии  ба номи Сайид Алии Ҳамадонӣ, солҳои 2001-2003 дар Шабакаи авали телевизиони Тоҷикистон кор карда, аз соли 2003 директори Қасри фарҳанги хоҷагии номбурда аст. Роҳбари маҳфили адабӣ-бадеии «Ганҷи Кўлоб»-и назди шуъбаи Иттифоқи нависандагони минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон мебошад.

 Фаъолияти эҷодии Одина Раҳмон ба тарзи мукаммалу мушаххас аз соли 1982 оғоз ёфта, ҳамон солҳо нахустин чакидаҳои хомаи ў дар рўзномаҳои шаҳриву ноҳиявию вилоятӣ чоп шудаанд. Аввалин маҷмўаи шеърҳои ў «Ҳазору як ҳавас», ки соли 1990 танзим ёфтааст, ҳамон сол дар Курс – конфаронси адибони ҷавони вилояти Кўлоб дар миёни 33 маҷмўа беҳтарин дониста. Соҳиби ифтихорнома гардидааст. Баъдан офаридаҳои ў дар авроқи маҷмўаҳои «Имтиҳон ва қасос» (1994), «Ҳазору як ҳавас» (1996), «Боргоҳи касбу ҳунар» (асари таърихӣ 2005), «Тўйи Кўлоб» (2006), «Майхонаи Мавлавӣ» (2007), «Чакомаи Кўлоб» (2008), «Аз афсона то ҳақиқат» (2008) ба дасти чоп расидаанд.

  Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

 Дигар чӣ ҳам гӯем. Аз шумо даъват мекунем лутфан ба толори Шуъбаи кӯдакон ва наврасон қадам равнҷа кунед, ва китоби “Маснавии каломи маънавӣ”-и ӯро мутолиа намоед. Умедворем судҳое хоҳед бардошт. 

 Замира Давлатова,

 мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон