Бузургонро бузургон зинда медоранд...

Бузургонро бузургон зинда медоранд...

Аз даргузашти маъруфтарин адиби кӯдакон Гулчеҳра Сулаймонӣ – духти бузургвори Пайрав Сулаймонӣ 16 сол сипарӣ мешавад. Ва аввали соли ҷорӣ ба таваллудаш 91 соли пур шуд. Аммо ҳамоно пурхонандатарин шоира барои атфол боқӣ мемонад. Гулчеҳра Сулаймонӣ аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузошта ва ашъораш дилписанду саршор аз муҳаббат аст. Гулчине аз арзёбии шеъри Гулчеҳра Сулаймониро ҳоло ин ҷо меорем.

БОЗОР СОБИР: Шоира Гулчеҳра Сулаймонӣ ба хонандаи хурдсоли худ бо дилсўзию навозиш муносибат мекунад, ҳама суруду афсонаҳояш аз муҳаббати модаронааш фурў рехтаанд.

Бисьёр таронаҳои ў дар нисбати лолоиҳое, ки аз ҳар байташон бўи гаҳвораю нафаси кўдакон бармехезад, накҳати гулу гиёҳу лаззати обҳои равони диёрро фаро гирифтаанд.

Дар ин сурудаҳо агар кўдакон дару девор, долу дарахтон ва бозиҳои кўдаконаашонро бубинанд, мо калонсолон шабакахои кўдакиҳои худро мебинем, ба ҳукми боду боронҳо, бўи шукуфаҳо лаҳзаҳои ширини деринае бозгў мешаванд.

                                                              

  ГУЛРУХСОР САФИЕВА:  Гулчеҳра Сулаймонӣ воқеан дар офаридани шеър барои кўдакон мақоми шоистаеро сазовор аст. Ў дар адабиёти муосири тоҷик яке аз суханварони пешоҳанги адабиёти бачаҳо ба ҳисоб меравад. Дар шеъри кўдак ҳусни хати хоси худро дорад. Шоира аз оғози эҷодиёташ мавзўи худро интихоб карда тавонист, мавзўи ҷовидонаи адабиёт, васфи меҳри ҷовидонаи модару кўдакро. Ў аз нахустин сурудҳояш диққати аҳли адаб, хоса хонандагони хурдсолашро ба осори самимонаву модаронаи хеш ҷалб карда тавонист.

Ба адабиёт бо ҳамин мавзўъи ҷовидона ворид шуда, то поёни умр ба он содиқ монд.

 

      АТАХОН САЙФУЛЛОЕВ: Гулчеҳра Сулаймонӣ дар тамоми марҳалаҳои сабзишу камолоти худ меҳри гарму ҷўшони модаронаи Ватанро ҳис мекунад. Ин аст, ки муҳаббати шоира низ ба Ватан аз муҳаббате, ки нисбат ба модари ҷисмониаш дорад, кам нест. Ин ҳарду дар ашъори Гулчеҳра Сулаймонӣ воҳиди томро ташкил менамояд.

  Шоира завқи баланд дорад. Вай шеърашро то ба дараҷаи санъат нарасонад, аз худ қонеъ намешавад. Хоҳ аз номи худ, хоҳ аз номи қаҳрамони шеър сухан ронад, онҳоро бо самимияти комил ва эҳсоси нозук, образ ва манзарҳои зебою дилкаш, мувофиқи ҳиссиёт, идрок ва фаҳму фаросати кўдакон ва наврасон ба риштаи назм мекашад.                                

 Аз даргузашти ин бонуи ҳунар афсус мехўрем.

Аммо офаридаҳои он кас , китобҳои ҷолибу хондании онҳо , ки дар тарбияи наврасон саҳми босазое доранд, моро аз афсус  хўрдан боз медоранд. Зеро забони модарии кўдак аз сухани шевои чун Гулчеҳра Сулаймонӣ оғоз меёбаду забони миллат аст ва кўдакони босаводу бофарҳангу миллатшинос дороӣ ва бақои ҳар давлату миллатанд.

Ёди шоира ва офаридаҳояш дар дилу дидаи мо то абад мемонад!

Таҳияи Фирӯза Аҳророва,

мутахассиси пешбари шуъбаи

кӯдакон ва наврасон.