Дар шўъбаи кўдакон ва наврасон маҳфили «Дар сўҳбати адиб» ин навбат бо адиби табиатшинос Маҷид Салим баргузор гардид. Хонандагони фаъоли шўъба бо ин адиби шинохта ва табиатнавис аз наздик шинос шуданд. Дар маҳфил муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова иштирок дошт ва дар арсми ифтитоҳи он Маҷид Салимро ба хонандагон шинос кард. Салима Раҷабова гуфт, ки чанде пештар дар Китобхонаи милли китоби нави адиб бо нои “Ҳикоёти Бешаи палангон” муаррифӣ шуда буд.
Салима Раҷабова аз он маҳфил ёдовар шуд ва гуфт. Ки рӯнамоии китоби “Бешаи палангон” бо ширкати ҷамъе аз адибон, шахсисятҳои маъруф, донишмандон, мунаққидон ва хонандагон гузашт. Аз ҷумла, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кучаров, Сармуҳаррири радиои фарҳанги Кумитаи радио ва телевизиони Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибеки Асрориён, адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода, муовини сардори Раёсати агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадиброн Саидзода ширкат ва суханронӣ намуда буданд.
Салима Раҷабова ҳамчунин гуфт, ки хонандагон бо ҳикоя ва қиссаҳои адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садириддин Айнӣ Маҷид Салим хуб ошно ҳастанд. Китоби нави ӯ дар бораи олами набототу ҳайвоноти нодир ва табиати зебои нахустин мамнӯъгоҳи Тоҷикистон, мамнуъгоҳи табиии “Бешаи палангон” ҳикоят мекунад. Дар китоб ҳикояҳои ҷолиби адиб аз ҳаёти ҷонварон, парандагону хазандагон, ки хоси табиати диёранд, бо услуби дилкаш ва шево тасвир шудаанд.
Маҷид Салим низ дар мулоқот бо хонандагони навраси худ оид ба табиат ва олами набототу ҳайвоноти он ҳикоят кард ва гуфт, ки Тоҷикистон кишвари манзараҳои нотакрор аст ва олами ҳайвоноту нобототи он низ қобили таваҷҷӯҳанд.
Сипас миёни адиб ва хонандагон оид ба ҳаёту фаъолият ва китобҳои ӯ табодули афкор сурат гирифт.
Дар бахши сеюм барнома навқаламони хурдсоли шўъба бо илҳом аз ҳикояҳои адиб шеъру қиссаҳои эҷодкардаи худро қироат карданд.
Дар фарҷом Маҷид Салим ба хонандагон дар бораи омӯзиши илм ва мутолиаи китоб, ҳамеша бо китобу китобхона алоқаманд будан сӯҳбат намуд. Вай хонандагони наврасро ба он ҳидоят кард, ки вақти холии худро ҳамеша бо китоб гузаронанд ва аз шароитҳои хубе, ки Китобюхонаи миллӣ фароҳам овардааст, баҳра баранд.
Дар бораи Маҷид Салим ва роҳи вай ба адабиёт аз ин ҷо бихонед.