Бофти қолин аз якчанд қисм иборат аст: тор, пуд, печаки паҳлуӣ, тўр, пўпак ва тугун ё гиреҳ. Тор ресмоне мебошад, ки ба таври даврашакл аз рўи гулаи боло ва поён кашида мешавад. Торро аз ресмонҳои пахтагин, абрешимин ва аз мўйи гўсфанд тайёр мекунанд. Пуд аз байни тор, аз қисми дарунӣ ва берунии он гузашта, барои қолинро ба ҳам пайваста, гиреҳҳои аз пашм бофтаро нигоҳ медорад. Тугун (гиреҳ)-ро бо пашм аз байни
Аз ҷумлаи забоншиносони маъруфи кишвар аст ва умре дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. 24-уми декабри соли равон 75-сола мешавад. Модари мушфиқи фарзандон ва устоди ғамхор барои шогирдон аст.
Ҳуснигул Талбакова 24 декабри соли 1943 дар ноҳияи собиқ Қизилмазор яъне Темурмалики ҳозира ба дунё омадааст. Ў соли 1961 донишҷўи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) гардид ва соли 1966 Унверситети номбурдаро хатм намуд.
Аз соли 1966 то соли 1967 дар Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи
Ҳазрат Сабоҳӣ ҳоло дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд зиндагӣ дорад. Муаллифи пурарзиштарин асарҳои таърихист. Олими дақиқназар ва журналисти соҳибназар аст. Яке аз пурмаҳсултарин қаламкашони кишвар аст, ки то ин замон даҳҳо китобу мақолоташ аз таърихи адабиёту санъат рӯи чоп дидааст. Ва рӯи 15 декабр ба синни 70 қадам гузошт.
Ҳазрат Сабоҳӣ 15 декабри соли 1948 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Соли 1971 шуъбаи рўзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1971-1976 дар рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (собиқ «Комсомоли Тоҷикистон») ба ҳайси корманди адабӣ, мудири
Тибби халқии тоҷикон таърихи ҳазорсола дошта он динишҳо ва таҷоруби қадимии суғдиён, бохтариҳо ва чандин усулу воситаҳои табобати дини зардуштӣ (бо оташ, хокистар ва ғайра)-ро дар бар мегирифт. Тибқи маълумоти дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва юнонӣ гиёҳдармонӣ 3-5 ҳазор сол усули асосии табобат будааст. Табибону олимони форс-тоҷик оид ба соҳаҳои гуногуни тиб асарҳои сершуморе навиштаанд, ки мутаассифона, на ҳамаи онҳо то