Ҳазрат Сабоҳӣ: журналист, муҳаққиқ, муаррих ва пажӯҳишгари осори ниёгон
Ҳазрат Сабоҳӣ ҳоло дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд зиндагӣ дорад. Муаллифи пурарзиштарин асарҳои таърихист. Олими дақиқназар ва журналисти соҳибназар аст. Яке аз пурмаҳсултарин қаламкашони кишвар аст, ки то ин замон даҳҳо китобу мақолоташ аз таърихи адабиёту санъат рӯи чоп дидааст. Ва рӯи 15 декабр ба синни 70 қадам гузошт.
Ҳазрат Сабоҳӣ 15 декабри соли 1948 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Соли 1971 шуъбаи рўзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1971-1976 дар рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (собиқ «Комсомоли Тоҷикистон») ба ҳайси корманди адабӣ, мудири шуъбаи адабиёт ва санъат ва котиби масъул ифои вазифа намдааст.
Солҳои 1976-1979 дар аспирантураи Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон таҳсил карда, дар Пажўҳишгоҳи санъатшиносии АИ Русия (Маскав) таҳти унвони «Адабиёти тоҷик дар пардаи синамо» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Номзади илми санъатшиносист. Солҳои 1979-1983 корманди илмии шуъбаи таърихи санъати Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҷумҳурӣ буда, аз феврали 1983 то апрели 1987 дар Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст.
Аз апрели 1987 то ноябри 1997 дар пажўҳишгоҳи мазкур вазифаҳои корманди аршади илмӣ ва мудири шуъбаи таърихи санъат (1994-1997)-ро бар уҳда доштааст. Аз соли 1997 муҳаққиқи озод буда, солҳои 2000-2010 дар садову симои Эрон тарҷумонӣ кардааст. Солҳои 2011-2012 тарҷумон ва муҳаррири АМИТ «Ховар» будааст. Ҳоло дар Самарқанд кору зиндагӣ дорад.
Муаллифи китобҳои «Таҷассуми кинематографии осори устод С. Айнӣ» (1979), «Грани экранизатции» (1987; соли 1988 сазовори Ҷоизаи «Китоби сол» дар бахши санъатшиносӣ гардидааст), «Шоҳнома» дар осори ҳунарӣ» (Самарқанд, 1998), «Симоҳои ҷовид» (2003), китобчаҳои ҳикоёти таърихӣ барои бачаҳо- «Спитамен”, “Зардушт», «Спитамени Суғдӣ», «Ғўрак», «Деваштич», «Хуршеди Корзанҷӣ», «Хурдоди Хоразмӣ», «Сунбоди Муғ», «Устод Сис», «Муқаннаъ», «Тоҳири Фушанҷӣ», «Яъқуби Лайс», «Исмоили Сомонӣ» (2010-2011) ба яке аз мураттибони «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат» (2003) мебошад.
Ашъори Хубии Самарқандиро таҳти унвони «Авроқи носўхта» (Самарқанд, 1997; дар алифбои кириллӣ ва форсӣ), мунтахаботи Вофии Самарқандиро бо номи «Армуғон» (Самарқанд, 1999; ба хатти кириллӣ ва форсӣ), ҳамчунин, девони ашъори Орифи Гулханӣ (Самарқанд, 2000)-ро бо пешгуфтори муфассалу тавзеҳот тадвин ва чоп кардааст.
Барои донишомўзони синфҳои 4-ум мактабҳои тоҷикии Ўзбекистон китоби хонише таҳия намудааст, ки дар бахши тоҷикии нашриёти «Ӯзбекистон» (Тошканд) аз соли 2003 то имрўз ба табъ мерасад.
Бештар аз 100 мақолаи илмӣ, тақриз ва навиштаҳои дигари Ҳазрат Сабоҳӣ дар маҷаллаву маҷмўаҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Украина ва Литва чоп шудаанд. Як силсила мақола, рисола ва китобҳои дарсиро дар бахши санъат ба тоҷикӣ гардонида аст. Дар сайтҳои «Сентр-Азия» (Русия) ва «Бозтоб» (Эрон) 12 мақолаи ҷавобияи вай ба таҳрифкунандагони таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик эълом шудааст.
Узви Иттиҳодияи журналистон (1974), иттиҳодияи кинематографистон (1988) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2011) мебошад.
Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе, 2014. – С. 203-204.
Аз Ҳазрат Сабоҳӣ дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт аст:
Сабоҳӣ, Ҳ. «Пауло» ё рассоми навпардози асри 17 Муҳаммадзамони Қумӣ // Машъал. – 1983. – №1. – С. 13.
Сабоҳӣ, Ҳ. Кашшофи саҳна // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 11 феврал.
Сабоҳӣ, Ҳ. Шаст соли ҷустуҷў // Машъал. – 1989. – №10. – С. 2.
Сабоҳӣ, Ҳ. «Ҳоли Заҳок ва морони ў» // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 16 феврал.
Сабоҳӣ, Ҳ. Баҳри кайке пустин оташ задан // Тоҷикистони Советӣ. – 1989. – 24 март.
Сабоҳӣ, Ҳ. Пайки кулои пир; Тамсили мўйқалам: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1989. – 28 март.
Сабоҳӣ, Ҳ. Ҳуҷраи Устод Айнӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 25 октябр.
Сабоҳӣ, Ҳ. Ғиёсиддини Ғурӣ // Чашма. – 1991. – №7. – С. 1-2.
Сабоҳӣ, Ҳ. ДостониСуҳроб деворнигораи Суғдӣ // 1992. – №1. – С. 52-53.
Сабоҳӣ, Ҳ. Айнӣ ва кинои тоҷик // Садои Шарқ. – 2017. – №4. – С. 141-150.
Таҳияи Нилуфар Валиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ