Абдусалом Деҳотӣ – муҳаррири осори устод Айнӣ

Аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ тоҷик. Донишманде, ки муҳаррири осори устод Айнӣ буд. Асарҳои мондагоре барои бачаҳо дорад ва дар насру назм барои атфол муваффақ буд.
Олми борикназар, шахсе, ки забони классикиро хеле хуб медонист ва дар таҳияи чанд ҳарф барои “Фарҳанги забони тоҷикӣ” низ саҳм гирифтааст.
Абдусалом  Пирмуҳаммадзода Деҳотӣ моҳи марти соли 1911 дар деҳаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ва курси тайёрии мактаби олӣ дар идораи рўзномаи “Ҳақиқати Ўзбекистон” ва шўъбаи  Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор мекунад. Соли 1935 ба Душанбе омада, дар вазифаҳои мудири шуъбаи танқид ва котиби масъули моҳномаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ”, котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва котиби масъули моҳномаи “Шарқи Сурх” иштиғол меварзид.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Нашриёти давлатӣ вазифаи муҳаррири адабиро адо намуда, дубора котиби масъули Иттифоқи нависандагон интихоб мегардад. Аз соли 1961 дар пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ фаъолияти илмии худро идома медиҳад.
Соли 1934 маҷмўаҳои “Манзараҳои сегона”, “Таронаҳои меҳнат” ва “Меваи Октябр” аз чоп мебарояд. Маҷмўаи “Шеърҳо ва ҳикояҳо”, ки соли 1940 чоп шуд, маҳсули эҷодии Деҳотиро дар солҳои сиюм ҷамъбаст кард.
Тарҷумаи русии шеърҳояш бо номи “Оби равон меояд” соли 1957 ба хонандагон расид. Китоби панҷҷилдаи ”Куллиёт” осори нисбатан мукаммали ўро фаро мегирад, ки соли 1965-66 рӯёи чопро дид. Охирин хидмати фаромўшношудании ў таҳрири чанд ҳарфи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” мебошад, ки имрўз китоби рўимизии хурду калон гардидааст.
         Бо ду ордени “Байрақи сурхи меҳнат”, ду ордени “Нишони фахрӣ” ва ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз шудааст.
         Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
31-январи соли 1962 вафот кардааст.
Аз Абдусалом Деҳотӣ ва дар бораи ӯ хонандагон дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолотро метавонанд мутолиа кунанд:
         Аз осори адиб:

Деҳотӣ, А Мо Ленинчиён: Шеърҳо барои бачаҳои синни хурди мактабӣ.  –Душанбе: Маориф,1982.  –14 с.

Деҳотӣ, А. Ту ҳам ёде бикун аз ман... .  –Душанбе:Ирфон, 1982.  –285 с.

Деҳотӣ, А. Иди Зафар: Шеър //Тоҷикистони советӣ.  –1982.  –21 июл.

Деҳотӣ, А. Аждаҳои Чўпонато; Доғи фарзанд; Бобо ва ҷаҳоннамо; Комилҷон ба моҳ меравад: Ҳикояҳо.  –Душанбе,1988.  – С.88-112.

Деҳотӣ, А. Баррачаи ман: Суруд бар оҳанги З. Шаҳидӣ //Чашма.  –1990.  –№3.  – С. 13.

Деҳотӣ, А. Мулоқотҳои ман бо  устод С. Айнӣ:Хотираҳо аз устод Айнӣ //Садои мардум.  –2000.  – 14 апрел.

Деҳотӣ, А. Баҳор :Шеър //Ҷавонони Тоҷикистон.  – 2012.  – 20 март.

Деҳотӣ, А. Интизор бош! :Шеър// Адабиёт ва санъат.  – 2013.  – 9 май.

Адабиёт дар бораи   Деҳотӣ

Фарзанди арҷманди халқ: Ба муносибати 70-солагии А.Деҳотӣ.  –Душанбе: Дониш, 1981.  – 21 с.

Устоди сухан: Ба муносибати 75-солагии Абдусалом Пирмуҳаммадзода Деҳотӣ //Машъал.  –1986.  –№3.  –С.9.

Юсуфов, К. Марди нексират ва адиби нуқтасанҷ: Очерки мухтасар аз ҳаёт ва эҷодиёти А. Деҳотӣ.  –Душанбе: Маориф,1987.  –80 с.

Раҷаб, Н. Хизмати садсола кард: Ба ифтихори 80-солагии Абдусалом Деҳотӣ//Пионери тоҷик.  –1991.  –5 июн.

Исмоил, Ш. Мақоми адиб: Оид ба эҷодиёти А. Деҳотӣ //Садои Шарқ.  –1991.  –№5.  –С.108-112.

Аминов, С. Муҳаррири осори устод Айнӣ: Ба ифтихори 100-солагии Абдусалом Деҳотӣ// Омўзгор.  –2011.  –24 июн.

Саидов, С. Абдусалом Деҳотӣ-Адиби бачагон: Дастури илмӣ-мнтодӣ барои донишҷўён.  –Душанбе.  –2009.  –144 с.

 

Бо истифода аз маводҳои энсиклопедӣ таҳияи
Бибикубрия Қурбонова
корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ