Биё, бо ман биомезу ҳама ғамҳо фаромӯш кун...
Ҳадиса аз шоираҳои пурмаҳсули тоҷик аст. Муаллифи китобҳои «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), «Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғ. мебошад.
ҲАДИСА (Ҳадиса Қурбонова) 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шӯркаҳаки ноҳияи Сарихосори вилояти Хатлон мутаввалид шудааст. Дар хонаҳои ятимони Сарихосор, Балҷувон, Хуҷанд, Душанбе ва Шаҳринав тарбият ва камол ёфтааст. Хатмкардаи мактаб-интернати занонаи №10 шаҳри Душанбе, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1963) ва Донишкадаи полиграфии Маскав (ғоибона, 1965) мебошад. Ихтисосаш рӯзноманигор буда, солиёне дар муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Адиб», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», Кумитаи давлатии назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб фаъолият доштааст. Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, муаллифи китобҳои шеърии «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), «Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғ. мебошад.
Силсилаи очеркҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Аз пайроҳа то шоҳроҳ» (1976), «Боғҳои шаҳдрез» (1983), «Теғи одамкуш» (Маскав, 2008), «Мазҳари Хуршед» (дар ду ҷилд, 2013) ба табъ расидаанд.
Дар соҳаи драматургия низ қувва озмуда, соли 1973 намоишномаи «Мӯниса»-ро навиштааст, ки аз ҳаёти кӯдакони ятимхонаи Балҷувон ҳикоят мекунад ва дар Театри драмавии вилояти Хатлон ба саҳна гузошта шудааст. Намоишномаи «Машъали ҷовид» аз корномаи Талбак Лолаев, ки баҳри ҳифзи ғаллазор ҷон нисор карда буд, ҳикоя мекунад. Драмаҳои «Дуроҳа» (дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Зиндагӣ» ва «Савти нотамом» маҳсули қалами ӯстанд.
Ҳамчунин, ба тарҷумаи бадеӣ сарукор дошта, навиштаҷоти А. Белевич «Дарду ғами Хатин», китоби шеърҳои С. Мавлонов «Арчаи сурх», шеърҳои алоҳидаи Махдумқулӣ, С. Капутикян, шоираҳои ӯзбек Зулфия ва Гулчеҳра, ҳикояҳо дар бораи Сухэ-Батор ва шеърҳои алоҳидаи шоирони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.
Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инчунин дар Афғонистон, Эрон, Чехославакия, Арабистон ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.
Соли 1994 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст. Соли 2003 барои китоби «Лоиқ намеояд дигар» ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф шудааст.
Дорандаи нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Шоираи халқии Тоҷикистон.
Аз соли 1969 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1978 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Ин шеър аз ӯст:
Бигӯ, ки модарамро дидаӣ ту?
Ту орӣ дасти ларзонро ба сӯям,
Нигаҳ созӣ ба чашму рӯю мӯям.
Фидо гардам ба ожанги ҷабинат,
Ба қалби дар бузургӣ чун заминат.
Ба тори мӯйҳои сап-сафедат,
Ба чашми боумеду ноумедат.
Ҳамехоҳӣ, ки сози пурсупосам,
Магар, эй пиразан бар ту шиносам?
Бигӯ, ки модарамро дидаӣ ту?
Ягон ҳарфе аз ӯ бишнидаӣ ту?
Садои аллагӯиҳои модар
Диҳад акси садо аз кӯҳи кишвар.
Вале бар ёди ман не рӯи ӯ монд,
На мавзун қомату не бӯи ӯ монд.
Бар чашмам ҳар гули зебои олам,
Чу модар менамояд поку хуррам.
Аз Ҳадиса Қурбонова ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Меҳри кишвар: Шеър // Раҳмат ба Партия. – Сталинобод, 1960. – С.41.
Боли нахуст; Паёми рўзи нав: Шеърҳо // Тарони Октябрь. – Душанбе, 1967. – С.200-202.
Шукрона: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 224 с.
Нури Октябрь: Шеърҳо барои бачагони синни хурди мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1981. – 24 с.
Сомон: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1984. – 80 с.
Эҳсон: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 80 с.
Арғувон. – Душанбе: Адиб, 1991. – 288 с.
Ба устод Рўдакӣ: Шеър // Машъал. – 1958. – №11. – С.8.
Ба Тоҷикистон марҳабо: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1960. – 26 октябр.
Ба ёдат менишастам; Фироқ: Шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1965. – 14 сентябр.
Ассалом, Сурхоби ман!: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 2 ноябр.
Бишкуфад ғунчаи гул: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 21 март.
Баҳор: Шеър // Маориф ва маданият. – 1973. – 22 март.
Агар донам…: Шеър ба ёди оҳангсоз Қиматшо Шоскандаров // Комсомоли Тоҷикистон. – 1978. – 21 май.
Ба имзои Ленин: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1980. – №4. – С.2.
Бахти ман; Сулҳ мебояд ба дуньё: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 8 март.
Се қадам: Шеър аз силсилаи «Хонаи кўдакон» // Занони Тоҷикистон. – 1987. – №2. – С.12.
Ту мерасӣ; Марди лоф: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 4 август.
Суруди Тоҷикистон: Шеър // Тоҷикистон. – 1993. – №3-4. – С.6.
Охирин гурезаам; Намур, Лоиқ; Чи овозе: Шеърҳо // Чархи гардун. – 1998. – 9 октябр.
Лоиқ намеояд дигар…: Порча аз достон; Нидои Лоиқ // Чархи гардун. – 2001. – 27 апрел.
Лоиқ аз кокулам кашид…: Як чанд сухан дар бораи Лоиқ // Тоҷикистон. – 2006. – 31 август.
Чакра-чакра: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 5 август.
Тоҷикистон: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 8 сентябр.
Суруди Ваҳдат: Шеър // Боҷу хироҷ. – 2012. – 26 июн.
Парвози дил: Назм // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 20 июн.
Дар Иттифоқ Рўдакиро мефурўшанд: Мусоҳибаи А. Аҳмадзода бо Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова // Тоҷикистон. – 2014. – 4 сентябр.
Парчами Ватан: Шеър // Тоҷикистон. – 2015. – 10 сентябр.
Наврўз; Оё баҳорон омадаст?: Шеърҳо // Тоҷикистон. – 2016. – 23 март.
Зинда бош: Шеър // Субҳи меҳнат. – 2017. – 1 август.
Ватан, Ишқ // Истиқбол. – 2018. – №7-9. – С.9.
Айёми ишқ: Шеър // Тоҷикистон. – 2019. – 13 феврал.
Дар бораи шоира
Ҳадиса Қурбонова: Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоираи ҷавон // Комсомоли Тоҷикистон. – 1963. – 30 июн.
Сафаров, М. Шоирӣ бе дард нест: Эҷодиёти шоира Ҳадиса Қурбонова // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2000. – 30 июн.
Сафар, У. Дар хилвати Шоҳин: Аз эҷодиёти Шоираи халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова // Фараж. – 2018. – 4 июл.
Публитсистика
Актёр: Дар бораи Ҳабибулло Абдураззоқов // Машъал. – 1968. – №10. – С.20-21.
Нақши Марьям: Дар бораи артисткаи Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ Марям Исоева // Машъал. – 1969 – №3. – С.15-16.
Маҳорат: Дар бораи артисткаи Театри ба номи Лоҳутӣ Ф. Ғуломова // Занони Тоҷикистон. – 1969. – №4. – С.10-11.
Боли суруд: Дар бораи артисткаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон У. Мамадамбарова // Маориф ва маданият. – 1976. – 23 октябр.
Рези наво: Аз ҳаёти бастакор Миратулло Атоев // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 7 апрел.
Минои сабз: Хотираҳои шоира баъд аз баргаштан аз сафари Финляндия // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 19 апрел.
Тарҷумаҳо
Зулфия. Рашк: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1968. – 19 июл.
Берёзов, Ю. Н. Ду Тамара: Ҳикоя // Занони Тоҷикистон. – 1969. – №1. – С.8-9.
Алӣ ал-Мек. Борон: Ҳикояи нависандаи араб // Маориф ва маданият. – 1971. – 26 август.
Аршавир, Д. Шири модар: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1972. – 23 июл.
Алиева, Ф. Ҷоми ман аз баҳри зан: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1973. – №9. – С.10.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ