1. Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа карда шавад.
Ин китоб соли 2017 чоп шудааст ва барои хоннадагони навраси худ, ки дар толори кӯдакону наврасон саргарми мутолиа мешаванд, тавсия медиҳем. Донистани фарҳанги номҳои миллӣ хеле муҳим аст, то руҳияи милли мо боло гирад, аз номгузориҳои бегона парҳез кунем. Муаллифон дар муқаддима овардаанд: “Номхо аз умқи забон маншаъ гирифта, забони гўёи суннатҳо, расму анъана ва фархангхо маҳсуб меёбанд. Ҳар номе, ки бунёди қадимӣ дорад, чун нигорае дар осорхонаи манънавии ҳар қавму миллат, намоишдиҳандаи раванди инкишофи таърихии андешаву ҷаҳонбинии ниёгони онҳо ба ҳисоб меравад.