Зарфи чиҳил рӯзи сипаришуда 5 ҳазору 758 нафар хонандагони наврас ба толори кӯдакону наврасон ташриф овардаву 158327 китоб дархост кардаанд. Як ҳазору бист нафари онҳо касоне мебошанд, ки нав ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Афзоиши сафи хонандагон ва ҳузури ҳамарӯзиашон нишондиҳандаи майлу рағбати онҳо ба мутолиаи китоб дар қиёс ба солҳои пеш аст.
Чунин ном дошт мизи мудаввар, ки охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, кормандони китобхона ва хонандагон баргузор гардид. Дар нишаст ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, идораву муасисаҳои дигар иштирок доштанд.
Мавзӯъи меҳварии мизи мудаввр ифротгароӣ ва