Чунин ном дошт мизи мудаввар, ки охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, кормандони китобхона ва хонандагон баргузор гардид. Дар нишаст ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, идораву муасисаҳои дигар иштирок доштанд.
Мавзӯъи меҳварии мизи мудаввар ифротгароӣ ва роҳу шеваҳои пешгирии он он буд. Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар сухани муқаддимавии худ зикр намуд, ки “ифротгароӣ имрўз хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Яке аз ин хусусиятҳо пайванд додани хушунат, даҳшатафканӣ бо расонаҳои хабарӣ мебошад. Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Имрўз ифротгароён аз расонаҳои хабарӣ ба таври васеъ истифода бурда истодаанд, ки ин як падидаи пуртаъсири номатлуб мебошад”.
Дар нишаст намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Раҷабзода Иброҳим Бозор, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Буриев Нозирҷон Атабоевич, Сардори Раёсати иттиҳодияҳои дини Кумитаи дин, танзими расму анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Мулоалӣ, сармутахассиси раёсати таълим ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими расму анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бегназарова Мавзуна Нарзуллоевна дар мавриди ифродгароӣ ва роҳу шеваҳои мубориза бо он, хатари ин падидаи манҳус ба ҷомеа суханронӣ карданд.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.