Экспедитсияи Ҳисор дар солҳои 1896 -1899
Русҳо водии Ҳисорро ҳанӯз охири асри ХIХ омӯхта буданд. Императори рус ҷиҳати омӯзиши ҷуғрофӣ ва сарватҳои табии ин водии зархез ҳанӯз солҳои 1896-1899 экспедитсияи вежа ташкил кардааст, ки ба он олимони саршиноси соҳа сафарбар шудаанд. Ҳеч медонед, ки як нусха китобе, ки аз натиҷаи ин экспедитсия охири қарни 19 дар Санк-Петербург нашр шуда буд, дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад?
Бухоро, шаҳри қадимӣ, пойтахти давлати Сомониён, яке аз марказҳои фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мебошад. Аз рўи маълумоти сомонаи Созмони Милали Мутаҳид соли 1997 бо қарори ЮНЕСКО 2500 - солагии ин шаҳри бостонӣ ҷашн гирифта шудааст. Дар ин даврони тўлонии таърихӣ аморати Бухоро воқеаҳои гуногунро пушти сар намудааст. Дар бораи ин шаҳри таърихӣ ва гаҳвораи илму дониш ва фарҳанги тоҷик, дар асрҳои XVIII - XX ҳудуди Бухороро махсусан, минтақаҳои куҳистони шимолии Бухоро аз ҷониби олимону сайёҳон ва марказҳои бузурги илмӣ-таҳқиқотӣ экспедитсияҳои зиёди илмӣ фаро мегирад. Натиҷаи ин экспедитсияҳо дар шакли рисола мураттаб шуда, пешкаши аҳли илм гардидаанд.
Чунин як экспедитсияи сесолаи таърихӣ (солҳои 1896, 1897 ва 1899) зери роҳбарии Ҷамъияти ҷуғрофиёи Империяи Русия дар қаламравӣ Бухоро, ки ба он ҳудуди имрўзаи Тоҷикистон низ шомил буд, сурат мегирад. Ҷамъият барои гузаронидани ин экспедитсия олим, табиатшинос, узви Академияи илмҳои Украина ва узви вобастаи Академияи илмҳои ИҶШС, Владимир Ипполитович Липскийро ҳамчун муҳаққиқи ташабускор дар ин кор лоиқ дониста, роҳбар таъин мекунад. Ҳадафи экспедитсия омўзиши силсила-куҳҳои минтақаҳои Тоҷикистон, махсусан қаторкуҳҳои Ҳисор, омўзиши набототу ҷамъоварии маҷмуъаи гиёҳшиносӣ, ҷонваршиносӣ (зоологӣ), ҷуғрофӣ ва этнографӣ буд.
Липский В.И. доир ба рафти ин экспедитсия ва натиҷаҳои фаъолияташро дар ин самт дар шумораҳои маҷаллаҳои илмии “Ахбори Ҷамъияти географии Империяи Русия” (соли 1897, 1898,) ва “Солномаи Колегияи Павел Галаган” (1898) нашр намудааст. Ҳамчунин, шакли мукаммалӣ натиҷаҳои ин экспедитсияро дар се ҷилд, зери унвони «Бухорои куҳӣ» (Горная Бухара) аз чоп бароварданд.
Зимни омўзиши навбатии фонди асарҳои экспедитсионии Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ доир ба Осиёи Миёна ва Тоҷикистон, мо асари мукаммалӣ экспедитсионии В.И.Липскийро бо номи «Бухорои куҳӣ: натиҷаҳои сафари сесола ба Осиёи Миёна дар солҳои 1896, 1897 ва 1899» (Горная Бухара: результаты трехлетних путешествий в Среднюю Азию в 1896, 1897 и 1899 году), пайдо намудем. Рисолаи мазкур бо забони русӣ ва бо хати крилии пеш аз инқилоби Октябр навишта шуда, мазмунан ҳар як ҷилди рисола аз 300 то 700 саҳифаро дар бар мегирад.
Ин навбат дар бахши муаррифии таркиби ганҷинаҳои донишу маърифати Китбхонаи миллии Тоҷикистон ба хонандагон, дар бораи ҷилди аввали «Бухорои куҳӣ: натиҷаҳои сафари сесола ба Осиёи Миёна дар солҳои 1896, 1897 ва 1899» маълумот медиҳем.
Ҷилди аввал ин асар “Экспедитсияи Ҳисор” ном гирифта, соли 1902 дар шаҳри Санкт-Петербург дар чопхонаи “Герольда” нашр шудааст. Асар шомили 8 мавзўъ ва пешгуфтор буда, дар бораи экспедитсияе, ки соли 1896 дар минтақаҳои қаторкуҳҳои Ҳисор сурат гирифта буд, маълумот медиҳад. Муаллиф маълумотҳои овардаашро аз рўй қайдҳои сафари хеш дар такя бо аксҳои гирифтааш роҷеъ ба мавзўот асоснок менамояд. Дар пешгуфтор муаллифи асар дар бораи чӣ гуна сурат гирифтан ва мақсади экспедитсия маълумот дода, дар охири пешгуфтор рўйхати библиографии мақолаҳояшро, ки бахшида ба экспедитсяҳои Ҳисор ва Осиёи Миёна нашр гардидаанд, овардааст.
Дар як мақолаи кўчак роҷеъ ба тамоми паҳлуҳои ин асари арзишманди экспедитсионӣ имкони ҳарф задан нест. Танҳо коре, ки ҳоло мехоҳем анҷом диҳем, овардани номгӯи мавзўоти асари мазкур мебошад, то тасаввуре барои хонанда аз он ҳосил шавад.
- Маълумоти пешакӣ дар бораи сафар ба Осиёи Миёна;
- Аз Самарқанд ба Сариҷўй;
- Нишебии силсилакуҳҳои ҷанубии Ҳисор: Аз Сариҷўй то Яғноб;
- Яғноб;
- Ҳисори шарқӣ;
- Қаротегин;
- Қаротегин, болооби дарёи Сорбух;
- Аз Ғарм то Аму-дарё.
Зикран ба маврид аст, ки муҳаққиқон, татқиқотчиён ва унвонҷўёни соҳаҳои таърих, сарчашмашиносӣ, ҷуғрофиё, табиатшиносӣ, геология, қавмнигорӣ (этнография) ва ғайра, метавонанд ин асари арзишманд ва қимати баланди илмӣ доштаро ҳамчун сарчашмаи боеътимоди илмӣ дар фаъолиятҳои илмии худ истифода намоянд. Ҳамчунин ин асар, пеш аз ҳама барои саҳеҳ намудани ҳудудҳои таърихиву ҷуғрофӣ ва барои тартиб додани харитаҳои ҷуғрофӣ низ метавонад як ҳуҷати тасдиқкунанда бошад.
Ниёзмандон барои дастрас намудани китоби мазкур (Липский, В.И. Бухорои куҳӣ.Натиҷаҳои сафари сесола ба Осиёи Миёна дар солҳои 1896, 1897 ва 1899 [Матн]:Экспедитсияи Ҳисор, 1896 сол / В.И. Липский. – С-Петербург: Герольда, 1902. – Ҷ.1. – 318 с.) метавонанд ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ муроҷиат намоянд.
Сайзароб Надиров,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон